Дар Озарбойҷон интихоботи президентӣ ҷараён дорад. ВИДЕО
Ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони ҳуқуқи башар ва матбуоту журналистони мустақил ҳукумати Алиеви 56-соларо барои таъқиби мухолифон ва мунаққидони ҳукумат интиқод мекунанд. Алиев баъди даргузашти падараш Ҳайдар Алиев дар соли 2003 сари қудрат омад. Моҳи феврали имсол Алиев гуфт, ки мӯҳлати баргузории интихоботро дар Озарбойҷон аз 17 октябр ба 11 апрел мекӯчонад. Ҳукумат гуфт, ки чунин зарурат ба хотири ҷилавгирӣ аз эҷоди ихтилоф дар ташкили интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2025 гирифта шудааст.