Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Freedom House: Суқути арзишҳои демократӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ

Беэҳтиромӣ нисбати институтҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамла ба мухолифони сиёсӣ ва матбуоти мустақил ва талоши пайвастаи боло бурдани мавқеи ҳизби ҳоким дар аксар кишварҳои собиқи коммунистӣ дар Аврупо ва Авруосиё ба як падидаи маъмулӣ табдил мешавад. Чунин мегӯяд созмони ҳомии ҳуқуқи башар  Freedom House ё “Хонаи озодӣ” дар гузорише, ки рӯзи 11 апрел нашр шуд. Сиёсатҳои ҷоҳилонае, ки дар саросари минтақа, аз ҷумла дар кишварҳои Венгрияву Полша ҷорӣ шудааст, ояндаи демократияро дар ин кишварҳои дар ҳоли гузор таҳти хатар қарор медиҳад, омадааст дар гузориш (Nations in Transit 2018 Confronting Illiberalism).


Нейт Шенкан, раҳбари гурӯҳи муҳаққиқони ин таҳқиқот мегӯяд:


“Ин ҳамон чизест, ки мо муддати дароз дар Русия ё Осиёи Марказӣ ё Беларус мушоҳида мекунем. Вале ҳоло ин ҷараён ба таври афзоянда дар кишварҳои мисли Венгрия ва Полша мушоҳида мешавад. Мо мебинем, ки ин падида ба кори сохторҳои мухталиф дар ҳама сатҳҳо таъсиргузор мешавад. Аз ин хотир, мо шоҳиди таҳаввулоти фоҷеабор мешавем, бахусус дар Полша”.


Дар гузориши “Хонаи озодӣ” гуфта мешавад, ки аз 29 давлат дар 19-тои он нишондодҳои демократӣ поин рафта, ҳукуматҳои худкома дар сари қудрат боқӣ мемонанд.


Гузориш мегӯяд, нишондодҳои бадтарин дар Туркманистон буда, дар феҳристи кишварҳои аз назари демократӣ дар ҳоли суқут Русия, Беларус, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошанд. Гузориш мегӯяд, дар ин кишварҳо “режимҳои худкома қудратро сахт дар даст нигоҳ медоранд, рақобатҳои сиёсиро пахш мекунанд ва фаъолони мустақилу журналистонро намегузоранд, ки озодона ҳарф бизананд”. Кишварҳои дигари мисли Украина, Молдова, Гурҷистон, Арманистон ва Қирғизистон, ба бовари “Хонаи озодӣ” бо хатари табдил шудан ба ҳукуматҳои худкома рӯбарӯ ҳастанд. Узбекистон ва Македония аз кишварҳое мебошанд, ки ба пешрафтҳо ва  муваффақиятҳои муайяне даст ёфтаанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.


Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *