Президенти Русия Пашинянро бо пирӯзӣ дар интихоботи Арманистон табрик кард
Дар барқияи табрикии президенти Русия Владимир Путин, ки матнаш баъд аз зӯҳри 8 май дар вебсайти Кремлин нашр шудааст, изҳори умедворӣ шудааст, ки раҳбарии Пашинян дар ҳукумат “ба тақвияти равобити дӯстонаву шарикии ду кишвар, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмони Муштарак-ул-Манофеъ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Паймони Анияти Дастаҷамъӣ мусоидат хоҳад кард”.
Никол Пашинян - як раҳбари эътирозгарон ҳазорҳо мардуми норозӣ аз ҳукумати Серж Саркисянро ба хиёбонҳо бароварда ӯро водор кард, ки курсии нахуствазириро тарк ва парлумон интихоботи нави раиси ҳукуматро барпо кунад. Дар овоздиҳии аввали парлумон 1 май шумори тарафдорони Пашинян камтар аз мухолифон буд, вале дар овоздиҳии навбатии 8 май ӯ тавонист 59 раъйи мусбати парлумони иборат аз 103 курсиро ба даст оварад.