Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд
Пас аз моҳҳо интизор ва тахминзаниҳо дар бораи сарнавишти тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш аз ин созиши ба қавли ӯ “бад” ва “яктарафа” хориҷ шуд. Ва таҳримҳо алайҳи Эронро боз мегардонад.