Русия "интернети алтернативӣ" месозад
Мақомоти Русия фаъолиятро барои бунёди "интернети алтернативӣ" афзоиш медиҳанд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант рӯзи 2 июл бо такя ба манбаҳояш хабар дод.
Нашрия ёдовар мешавад, ки моҳи ноябри соли гузашта Шӯрои амнияти Русия ба Вазорати мухобирот ва хориҷӣ дастур дод, ки аз пайи таъсиси сохтори серверҳои решаии DNS шаванд. Он замон ин пешниҳод барои нархи гаронаш боиси интиқод шуд. Сарфи назар аз ин, кор бар сари сохтор идома дорад ва мақомоти Русия дар ин тарҳ бо Чин ҳамкорӣ мекунанд.
Идеяи муҳандиси аршади Маркази идораи амнияти иттиллотии Чин, Фан Бинсин, ки сохтори "Сипари тиллоӣ"-ро бунёд кард ва мақомоти кишварашро аз назорати комил бар интерент бархурдор намуд, "таваҷҷуҳ"-и Маскавро ба худ кашидааст. "Сипари тиллоӣ" то моҳи майи соли равон 8 ҳазор сомона, шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори оммаро масдуд кард, ки ба гуфтаи мақомоти Чин "муҳтавои номатлуб" пахш мекарданд. Аз ҷумла Youtube, Twitter, Instagram ва шабакаи телевизионии NBO-и Амрико баста шуд. Ахириро баъди он бастанд, ки ровии барномаи ҳаҷвӣ раҳбари Чин Сӣ Ҷинпинро ба Винни-Пух - қаҳрамони як филми тасвирӣ монанд кард.