Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Боздошти 2 афғон дар Душанбе ба иттиҳоми "кирдорҳои бадахлоқона"

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархе гурезаҳои афғон дар кишвар ба шиддат интиқод кардааст, ки ба ҷойи итоат ба қонунҳои Тоҷикистон онҳоро нақз мекунанд. Интиқоди Вазорати умури дохилӣ пас аз он садо дод, ки ду ҷавони афғон бо духтарони тоҷик дар манзиле дар Душанбе боздошт шуданд.


Масъулини дафтари матбуоти ВКД мегӯянд, ду ҷавони афғон бо духтарони тоҷик дар манзиле дар шаҳри Душанбе ҳангоми “кирдорҳои бадахлоқона” боздошт шуданд. Навори боздошти ҷавонони афғон бо духтарони тоҷик тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон низ пахш шуд ва дар он гуфта мешуд, ки ин ҷавонон ҳангоми ошкор шудани як фоҳишахона боздошт шудаанд.


Ба қавли масъулини ВКД, ду ҷавони дастгиршуда бо духтарони тоҷик Амрулло Одил ва Абдулатиф Ризоӣ мебошанд, ки яке 32 ва дигари 29 сол доранд. Ин ду нафар дар сӯҳбат бо мақомоти тоҷик гуфтаанд, қаблан Фарангис Бадалова, як сокини Душанбе ба онҳо акси ин духтаронро равон намуд ва онҳо бо миёнаравии ин зан бо духтарони тоҷик ҳамхоба шудаанд.


Ҳарчанд масъулини Вазорати умури дохилӣ дақиқан нагуфтанд, ки ин ду нафар гуреза ҳастанд ё не, аммо дар пайи он мақомот аз гурезаҳои афғон башиддат интиқод карданд, ки қонунҳои Тоҷикистонро риоя намекунанд.


"Тассуфовар аст, ки аксари шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба ҳайси гуреза дар кишвари мо иқомат намуда, аз рӯи инсонддӯстиву гуманизм роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ додааст. Вале онҳо ҷойи итоат намудан ба қонунҳои амалкунанда, бархилофи он амал менамоянд",-гуфтанд масъулини ВКД,


Дар Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, нисбати Амрулло Одил ва Абдулатиф Ризоӣ корҳои тафтишотӣ идома доранд. Дар барномаи Вазорати умури дохилӣ ҳамчунин аз бархе духтарони тоҷик низ интиқод мешавад, ки ба ҷойи интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, ба чунин каҷрафторӣ машғул мешаванд.


Вазорати умури дохилӣ дар ҳоле аз паноҳҷӯёни афғон интиқод мекунад, ки шумораи онҳо дар миқёс ба дигар гурезаҳо дар кишвар бештар аст. Ба гуфтаи масъулони Созмони кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд, беш аз 90 дарсади паноҳҷӯён дар Тоҷикистонро афғонҳо мебошанд, ки қисми бештарашон ҷавонон мебошанд.


Нахуст афғонҳо дар шаҳри Душанбе маскун шуданд ва дар гӯшае аз пойтахт, бозоре бо номи “бозори афғонҳо” фаъол буд. Баъдан мақомот дастур доданд, ки паноҳандагони афғон дар ноҳияҳои атроф зиндагӣ кунанд ва ҳоло қисми бештари паноҳҷӯйҳои афғон дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд. Аммо бо ин ҳам теъдоди зиёди афғонҳо дар шаҳри Душанбе иқомат мекунанд ва дар тиҷорату таъмири мошинҳо фаъоланд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *