Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Гузоришҳо аз кушта шудани писари Абубакри Бағдодӣ дар Сурия

Расонаҳои таблиғотии вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мегӯяд, ки писари Абубакри Бағдодӣ, раҳбари ин гурӯҳ дар ҷараёни ҷангҳо дар шаҳри Ҳимс (Ҳумс), воқеъ дар шарқи Сурия кушта шудааст. Шабакаи хабарии "Аъмоқ" рӯзи 3-юми июл гуфтааст, "Ҳузайфа Бадрӣ" дар ҷараёни амалиёт алайҳи нерӯҳои нусайрия ва Русия дар нерӯгоҳи Ҳимс кушта шудааст. Нусайрия номи дигар аст, ки барои пайравони мазҳаби алавӣ ё шиа гуфта мешавад ва дар ин хабари гурӯҳи ДИИШ манзур аз он нерӯҳои артиши Сурия аст.


Ҳамлаҳои артиши Сурия ва Русия аз як тараф ва ҳамлаҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико аз сӯи дигар сабаб шудааст то нуфуз ва ҳузури ДИИШ дар Сурия ба таври қобили мулоҳиза коҳиш пайдо кунад. Тибқи маълумоти ахир, гурӯҳе, ки як замон бахшҳои зиёдеро аз хоки Сурия таҳти контрол дошт, акнун танҳо 3 дарсади онро дар тасарруф дорад.


Дар зимистоне, ки гузашт, эътилофи байналмилалӣ алайҳи ДИИШ ба раҳбарии Амрико хабар дод, ки шумораи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ, ки дар Ироқ ва Сурия боқӣ мондаанд, камтар аз 1000 нафар аст.


Амрико ва мақомҳои ироқӣ бар ин боваранд, ки раҳбари гурӯҳи ДИИШ зинда аст ва ҷое дар Сурия, наздикии марзи Ироқ сукунат дорад. Артиши Ироқ дар хоки Сурия ва дар наздикии марзи худ ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи гурӯҳи ДИИШ анҷом додааст.


Чанд моҳ қабл Ситоди муштараки артиши Ироқ эълом карда буд, дар ҳамлаи ҳавоӣ ба нишасти раҳбарони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Ҳаҷини Сурия, 45 тан аз аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла шуморе аз сарон ва фармондеҳони онро куштааст.


Абубакр Ал-Бағдодӣ, ки аслан ироқӣ аст, дар ҳоли ҳозир таҳти таъқиб аст ва Амрико барои ӯ 25 миллион доллар ҷоиза таъйин кардааст. Бинобар гузоришҳо, ӯ аз ҳамсари нахустини худ чаҳор фарзанд ва аз ҳамсари дувумаш як фарзанд дорад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *