Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бинобар садамаи мошини ҳомили газ 1 соат баста монд
Далер Мерганов, сухангӯи ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи фарзияҳо, ронандаро хоб бурда ва ин ҳолат, боиси садама шудааст. Ба гуфтаи вай, дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Вазорати умури дохилӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ шуд. Вай афзуд, кормандони ширкат ҳамроҳ бо наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тавонистанд хатари таркишро бартараф кунанд ва ҳаракат дубора дар ин шоҳроҳ барқарор шуд.