Дар тазоҳурот дар Ироқ 3 нафар кушта шуданд
Дар ҷараёни тазоҳурот дар ҷануби Ироқ ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Эътирои мардум аз зиндагии сахт ва мушкилоти иқтисодӣ дар шаҳри Басра шурӯъ шуд ва дар дигар қисматҳои Ироқ густариш ёфт.
Тазоҳурот 6 рӯз пеш оғоз ёфт ва эътирозгарон рӯзи 14-уми июл қароргоҳи ҳукумат дар шаҳри Карбалоро ишғол карданд ва дар шаҳри Наҷаф ба фурудгоҳ ворид гашта монеи парвози ҳавопаймоҳо шуданд.
Бо ҳалокати ду нафар дар шаҳри Амора теъдоди кушташудагон дар ҷараёни тазоҳурот дар ҳафтаи гузашта ба се нафар расид. Дар шаҳри Басра, ки 95 дар сади нафти Ироқ аз онҷо ҳосил мешавад, 7 тазоҳургарро захмӣ карданд.
Ҳайдар ал-Ибодӣ нахуствазири Ироқ бо назардошти тазоҳурот нерӯҳои амниятиро дар саросари кишвар ба ҳоли омодабош даровард.