Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Неруҳои ҳукумати Сурия ба баландиҳои Ҷулон ворид шуданд

Нерӯҳои ҳукумати Сурия ба қаламравҳои наздик ба баландиҳои Ҷулон, ки дар таҳти назорати Исроил қарор доранд, ворид шуданд.


Ин қаламравҳо дар вилояти Кунейтра чанд сол дар дасти мухолифин буд. Аммо баъди ҳамлаи густардаи неруҳои ҳукуматӣ ба ҷанубу ғарби Сурия, онҳо ин минтақаҳоро аз даст доданд.


Ба гуфтаи хабаргузориҳо ва маркази назорати ҳуқуқи башар, ҳукумат ва мухолифин бо миёнҷигии Русия созиш карданд, ки қаламравҳои атрофи баландиҳои Ҷулон таҳти назорати ҳукумат қарор мегирад ва ҷангиёне, ки намехоҳанд силоҳ ба замин гузоранд, ба шимоли Сурия мераванд. 


Нерӯҳои Асад назорат бар Ғутаи Шарқӣ ва навоҳии ҳаммарз бо Урдунро аз рӯи ҳамин модел барқарор карданд.


Ба ин тартиб, тамоми қисмати ҷанубу ғарби Сурия, ба истиснои як қаламрави кӯчак, ки таҳти назорати ҷангиёни ДИИШ аст,  дар ихтиёри Димишқ  қарор мегирад. Интизор меравад, ки алайҳи ин ҷангиён низ амалиёти низомӣ анҷом шавад. 


Баъди мулоқоти  Владимир Путин бо Доналд Трамп, 16 июл дар Ҳелсинки, раисони ҷумҳури ду кишвар гуфтанд, ки бинобар вазъи амниятӣ дар Сурия, бехатарии Исроил бояд таъмин шавад. Нозирон мегӯянд, ки дар ҳуҷумҳои ахири нерӯҳои Сурия низомиёни Эрон тақрибан иштирок надоштанд. Исроил ба пайдо шудани низомиёни эронӣ дар марзҳояш қотеаона мухолифат кард.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *