Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Марзбонони қирғиз дар паи моҷарое дар Ворух раҳо шуданд

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар паи як моҷаро дар як мавзеи сарҳадӣ бо Қирғизистон чаҳор марзбони қирғизро боздошт ва баъди як музокира бо мақомоти кишвари ҳамсоя онҳоро раҳо карданд.


Як манбаи наздик ба Раёсати марзбонии вилояти Суғд рӯзи 20   июл ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор марзбоне, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворухи Исфара боздошт шуданд, баъди музокира бо марзбонони Қирғизистон раҳо карда шуданд ва онҳо ба ҷои доимии худ баргаштанд.


Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ин амали марзбонони қирғиз ва сокинони деҳаи Оқсойро кӯшиши “иғвобарангезии навбатӣ” арзёбӣ карданд ва гуфтанд,  баъди баррасии масъалаи мазкур ҳоло вазъ ором аст.


Саидакбар Сафаров, як сокини ҷамоати Ворух ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте  чанд сокини Ворух хост, ки дар қитъаҳои замине, ки ба худашон тааллуқ дорад, кишт кунанд, сокинони ҳамсояқишлоқ омада даъво карданд, ки ин қитъаҳо ба онҳо тааллуқ надорад”.


Ба қавли Сафаров, баъди ин “бигӯ-магӯҳо” марзбонони қирғиз омаданду аз сокинони худашон ҳимоят намуда кӯшиш карданд, ворухиҳоро берун кунанд.


Вай гуфт, баъд сарҳадбонони тоҷик ва милисаҳо омаданд. Вай гуфт моҷаро бидуни хушунат анҷом ёфт.


Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки марз ором аст ва ҳеҷ ҳодисае рух надодааст.


Дар ҳоли ҳозир ба таври дақиқ аломатгузорӣ нашудани қитъаҳои баҳсӣ дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирзистон пайваста баҳсу моҷароҳоро ба вуҷуд бармехезад.


Дар авоили моҳи гузашта дар натиҷаи ҷанҷолу сангандозӣ дар як ҳамин маҳаллаи Ворух  чанд нафар, аз ҷумла раиси маҳаллаи ҳамин ҷамоат захмӣ шуд. Моҷаро рӯзи 31-уми май байни сокинони ҷамоати Ворухи вилояти Суғд ва маҳаллаи Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон сар задааст, вале ба мақомоти ду тараф муяссар шудааст, ҷанҷолро фурӯ нишонанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *