Ду моҳ пеш аз як мулоқоти вакилони мардумии Тоҷикистон ва Русия, Маҳмадсад Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ хостааст, созишномаву қарордодҳои байни ду кишвар дубора мавриди омӯзиш қарор бигиранд. Раиси палатаи болоии порлумон гуфтааст, агар маълум шавад, ки кадоме аз ин қарордоду созишномаҳо амалӣ намешаванд ва ё кӯҳна шудаанд, онҳоро аз эътибор соқит мекунанд.