Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Баҳси ҳиҷоби талабаҳо дар деҳаи тоҷикнишини Қазоқистон доғ шуд

Дар деҳаи Фирдавсии вилояти Туркистони Қазоқистон, ки дар он асосан тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд,  рӯзи сеюм аст духтарони ҳиобпӯшро ба дарс роҳ намедиҳанд. Рӯзи 5 сентябр даҳҳо талаба дар пушти дари мактаб ҷамъ шуданд, ки иҷозат надоштанд бо ҳиҷоб дохили мактаб шаванд. Хонандагонро волидонашон ҳам ҳамроҳӣ мекарданд.


Аз оғози соли таҳсил маъмурияти мактаби ба номи Фирдавсии деҳаи Фирдавсӣ хонандагонро бо рӯймол ба дарсҳо роҳ намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта духтарон бо рӯймол дар дарсҳо ширкат мекарданд.


Маъмурияти мактаб ва мақомоти дигари маориф бо такя ба фармони вазири маорифи Қазоқистон аз 14 январи соли 2016 "дар бораи либоси мактабӣ" духтаронро бо ҳиҷоб ба дарс роҳ намедиҳанд.


Волидони хонандагон мегӯяд, зид нестанд, ки духтаронашон дар дохили синфхона бо сари ӯрён нишинанд, аммо намехоҳанд, ки онҳо ба мактаб бе рӯймол раванд.


Муовини ҳокими ноҳияи Мактаарали вилояти Туркистон Олтин Ешенқулова гуфт, бо волидони норозӣ гуфтугӯ ҷараён дорад ва комисияи махсус ҳам таъсис шудааст.


Деҳаи Фирдавсӣ дар 300-километрии шаҳри Чимкент ҷойгир аст. Дар ин деҳа асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва дарсҳо низ дар мактаб бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Хонандагон ва волидони онҳо мегӯянд, рӯймолбандии духтарон ба "анъанаҳои миллӣ" рабт дорад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.


Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *