Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Трамп китоби Вудвордро "бефоидаву зишт" унвон кард

Президенти ИМА Доналд Трамп китоби рӯзноманигори машҳури Вашингтон Боб Вудвордро, ки бенизомӣ ва ҷанҷолҳои дохилии ба гуфтаи журналист мавҷуд дар маъмурияти Кохи сефедро тасвир кардааст,  "бефоидаву зишт" унвон кард.


 Вудворд мегӯяд, ки асари ӯ бар поияи сӯҳбат бо намояндагони маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ва афроди дигари наздик ба президент навишта шудааст.


Ин китоб - "Ваҳшат. Трамп дар Кохи сафед" дорад. Манбаҳое, ки Вудворд бо онҳо сӯҳбат кардааст, гуфтанд, ки Трамп бо рафтори ғайри қобили пушгӯӣ ва бехабарии комил, кормандони Кохи сафедро бисёр асабонӣ мекунад. Ёварони Трамп гӯё коғазҳоро аз дафтари ӯ берун мебароранд то фармонҳои нораворо имзо накунад.


Яке аз мавридҳои ин китоб, ки ҳоло дар матбуоти Амрико ба таври густарда баҳс мешавад, достонест, ки чигуна Трамп моҳи апрели соли гузашта, баъда ҳамлаи кимёвии президент Асад дар Идлиби Сурия, ба вазири дифои ИМА Ҷеймс Мэттис пешниҳод кард, ки Асадро бикушад.


Ба гуфтаи Вудворд, вазир ваъда додааст, ки тарҳи амалиёти аз байн бурдани Асадро мекашад, аммо дар асл як тарҳи муътадилро пешниҳод кард. Дар натиҷа, Трамп аз ҳамлаи ҳавоӣ болои фурӯдгоҳи низомии Сурия пушибонӣ намуд.


Вудворд менависад, ки Мэттис ва раҳбари дастгоҳи президент Ҷон Келли гӯӣ президентро барои лаҳни ҷангҷӯёнааш дар робита ба Сурия ва Кореяи Шимолӣ "аблаҳ" номиданд.


Худи Мэттис ин қиссаро тахайюли бойи рӯзноманигор унвон кард. "Ман ба сурати умум адабиёти бадеиро дӯст медорам, аммо на ин жанри вашингтониро, ки бар поияи сӯҳбат бо манбаҳои беном навишта шудааст"- гуфтааст Мэттис. 


Сухангӯи Кохи сафед сара Сандерс китоби Вудвордро  "достони комилан бофта" номид, ки ба гуфтаи ӯ аз тарафи кормандони собиқи маъмурияти президент ба хотири қасос гирифтан аз Трамп сохта шудаанд.


Боб Вудворд дар ҳоле машҳур шуд, ки силсилаи маводи таҳқиқотии ӯ ҳамроҳ бо ҳамкораш аз нашрияи The Washington Post  Карл Бернстайн, ҷузъиёти ҷанҷоли Уотергейтро боз ва ба истеъфои президент Ричард Никсон мусоидат кард.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.


Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *