Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Раҳбари "Гулшан" барои ҳунарнамоии бидуни шартнома дар тарабхона муҷозот шуд

Кумитаи андози Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи эстрадии «Гулшан» -ро   барои фаъолияти бидуни патент ҷарима кардааст. Мақомот Бахтиёр Иброҳимовро барои овозхонии бидуни патент дар тарабхона айбдор мекунанд.


Як манбаи Радиои Озодӣ аз ин кумита рузи 6-уми сентябр гуфт, Бахтиёр Иброҳимов раҳбари гурӯҳи эстрадии «Гулшан» ҳар шом дар тарабхонаи «Помир Лабиринт» бидуни шартнома бо соҳиби тарабхона ва бидуни патент ҳунарнамоӣ карда даромади муайян ба даст меовард. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, нисбати Иброҳимов “барои бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғул шудан ба маблағи 1500 сомонӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд”. Ин масъули Кумитаи андоз мегӯяд, овозхон Бахтиёр Иброҳимов фаъолияти соҳибкории худро аз рӯи патент 30 декабри соли 2017 қатъ намудааст, аммо ҳар шом дар тарабхонаи мазкур ҳунарнамоӣ намуда, даромади муайян ба даст меорад.


Бахтиёр Иброҳимови 46-сола дастпарвари Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ва таъсисдиҳандаи гурӯҳи созиву овозии «Бахт» аст.   Иброҳимов бештар аз 5 сол аст раҳбарии гуруҳи эстрадии "Гулшан"-ро ба душ дорад. Ансамбли эстрадии “Гулшан” аз нахустин дастаҳои мусиқии тоҷик аст, ки дар соли 1964 таъсис шуда ва бо номи Муқаддас Набиева, Хурмои Ширин, Тоҷиддини Муҳиддин, Қароматуллоҳи Қурбон, Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Умар Зиёев, Баҳодури Неъмат ва чанде дигарон то ҳол вирди забони мардум аст.


Молиёт ё иҷозаи фаъолият барои овозхонӣ дар Тоҷикистон чанд соли пеш ҷорӣ шуд ва овозхонон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд ҳар моҳ ба буҷети давлат пул супоранд. Маблағи патент барои овозхонон гуногун аст, аммо худи онҳо мегӯянд дар асоси патент ҳар моҳ беш аз 800 сомонӣ ба буҷет месупоранд.


Натиҷаи тафтишҳои нозирони андоз нишон додааст, ки  аксари  ҳунармандон дар тарабхона ва марказҳои дилхушӣ барои ҳар як рӯзи корӣ аз сарояндагӣ  100-200 сомонӣ ва барои навозанда, баранда ва раққоса 70-100 сомонӣ (ба истиснои даромадҳое, ки аз мизоҷон ба даст меоранд) ҳаққи хизматрасонӣ мегиранд.  Ба гуфтаи мақомоти андоз, дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ бештар аз 300 ҳунарманд, ки дар гузашта ҳамчун андозсупоранда дар мақомоти андоз сабт нашуда ва ё фаъолияти худро дар давраҳои гуногун қатъ намудаанд, бештар  250 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.


Бар асоси омори кумитаи андоз то якуми августи соли 2018 дар мақомоти андоз ҳамагӣ 1825 нафар аз  рӯи фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, сабти овоз ва сабти ҷашну маъракаҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.


 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *