Ҳамкориҳо бо Чин, вазъи Афғонистон ва масоили дигар дар мулоқоти мақомоти Чину Тоҷикистон
Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои низомӣ, вазъи амниятӣ дар марз бо Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгарӣ, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуд.
Сюй Тсилян бо ҳадафи анҷоми як сафари кории серӯза вориди Тоҷикистон шудааст.