Порошенко қавл дод, ки пойгоҳи Русияро аз Қрим берун мекунад
Президенти Украина ҳамчунин аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, ки нерӯи худро барои мубориза алайҳи таҷовузи Русия басиҷ кунанд. Ба гуфтаи ӯ хатари нарм шудани таҳримҳои зидди Маскав вуҷуд дорад, аммо Украина ба ин роҳ нахоҳад дод.
Дар робита ба ниёзҳои дифоии кишвараш ӯ гуфт, ки Укриана мехоҳад мушакҳои ҳадафгири замонавӣ ва зиреҳпӯшҳо харидорӣ кунад ва тавони ҳарбиашро дар қисмати украинии баҳри Азов афзоиш диҳад.
Порошенко бо натиҷагирӣ аз 9 моҳи соли равон эътироф кард, ки зиндагии бахши умдаи украиниҳо беҳбуд наёфтааст ва дороии мардум ба кундӣ рушд мекунад.