Тақдими кӯмакҳои ИМА ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон
Дар Душанбе рӯзи 5 октябр маросими тақдими муҳимот ва мошинҳои низомӣ ба Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон бо ҳадафи истифода дар ҳимояти марз баргузор шуд. Ин кӯмакҳо бо арзиши 8 миллион доллар дар маросиме бо ширкати кордори сафорати ИМА дар Душанбе Кевин Коверт, раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баргузор шуд. Мақомоти сафорати ИМА мегӯянд, ки ин кӯмакҳо ба хотири кӯмак ба Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ ироа мешавад.