Амрико ба марзбонони тоҷик дар ҳаҷми $8 млн таҷҳизот дод
Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллион доллар, таҳҷизот тақдим кард. Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 5-уми октябр дар сафҳаи Фейсбук"-и худ навишт, ки ин таҳҷизот аз мошинҳо ва васоили дигар иборат буда ва ба ҳадафи тақвияти нерӯҳои марзбонии тоҷик тақдим шуд.
Дар маросими таслим кардани ин таҷҳизот раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов ва сардори раёсати марзбонии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналиев низ ширкат кардаанд. Кордори сафорати Амрико гуфтааст, ки кишвараш бо Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризм, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ҳамкории амиқ хоҳанд дошт.
Амрико дар гузашта низ барои таҳкими нерӯҳои интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла Нерӯҳои марзбонӣ миллионҳо доллар кӯмак карда буд.