Шумори қурбониҳои зилзила ва тӯфони Индонезия ба 1558 расид
Шумори қурбониҳои заминларза ва тӯфони Индонезия ба 1558 нафар расид. Дар ин бора Оҷонсии ҳолатҳои фавқулоддаи Индонезия рӯзи 5 октябр хабар дод.
Ин ниҳод мегӯяд, ки аз 11 кишвар кӯмакҳои башардӯстона дарёфт кардаанд, аммо бинобар харобӣ наметавонанд ба ҳамаи осебдидагон ёрӣ расонанд.
Ҳафтаи гузашта дар ҷазираи Сулавесии Индонезия замин ду дафъа такон хурд ва ба думболи он тӯфон баланд шуд. Баландии мавҷҳо ба якчанд метр мерасид. Сохтори огоҳ кардани одамон аз фалокат кор накард.
Бар асари заминларза ва тӯфон ҳазорҳо бино хароб шуд. Амалиёти наҷот дар ноҳияиҳои осебдида ҷараён дорад. Мақомоти маҳаллӣ аз эҳтимоли хуруҷи бемориҳои вогир нигарон шудаанд. Дар бораи норасоии ғизо, об, сӯзишворӣ ва маводи дигари барои зиндагӣ муҳим хабар мерасад.