Олмон барои паноҳандагон дар соли оянда 7 миллилард евро сарф мекунад
Мақомоти Олмон барои манзили иҷтимоӣ, кӯмаки молӣ ва барномаҳои ҳамоиши паноҳандагон ба ҷомеа дар соли оянда, ҳудудан 7 миллиард евро ҷудо мекунад. Дар ин бора Reuters рӯзи 10 октябр бо такя ба манбае дар ҳукумати Олмон хабар дод.
Дар се соли ахир Олмони дорои 80 миллион аҳолӣ, беш аз 1 миллион паноҳанда, асосан мусалмонҳоро пазируфт. Консепсияи марзҳои боз соли гузашта роҳро барои вуруди популистҳои ҳизби "Алтернатива барои Олмон" ба палатаи поёнии порлумон боз кард. Ин ҳизб сиёсати муҳоҷирати садри аъзам Ангела Меркелро шадидан интиқод меунад,- мегӯяд Reuters.
Ба гуфтаи хабаргузорӣ, қарори нави буҷа мавқеи Меркелро дар Бовария, ки дар ростои интихоботи маҷлиси қонугузорӣ қарор дорад, зайифтар мекунад.