ВАО: “Петров ва Боширов” дар Чехия ба думболи Скрипал мегаштанд
Ду шаҳрванди Русия, ки Британия онҳоро ба заҳролуд кардани корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия муттаҳам кардааст, соли 2014 як сафари махфиро дар Чехия анҷом доданд. Ин сафар дар ҳоле буд, ки Скрипал низ дар Чехия ҳузур дошт. Дар ин боря "Радиои Чехия" бо такя ба як манбаи истихборот хабар дод.
Биноба маълумоти радио, Скрипал ҳангоми сафараш бо кормандони хадамоти истихбороти Чехия мулоқот кард ва дар робита ба роҳҳои ошкор кардани ҷосусҳои Русия ба онҳо машварат дод. Ба эътимоди манбаҳои "Радиои Чехия", ин ду нафар, ки Британия онҳоро "Петров" ва "Боширов" муаррифӣ кардааст, аз паси Скрипал пинҳонӣ назорат мебурданд.
Гурӯҳи таҳқиқотии Bellingcat исрор дорад, ки исми "Александр Петров" дар асл Александ Мишкин аст. Мувофиқи маълумоти таҳқиқгарон , ӯ маълумоти олии тиббиро дар яке аз академияҳои ҳарбӣ соҳиб шуда, корманди истихбороти Русия аст. "Руслан Боширов" - гумонбари дуввуми заҳролудшавии Скрипал, корманди истихбороти Русия буда, дар асл Анатолий Чепига ном дорад.
"Радиои Чехия" мегӯяд, шаҳрвандони Русия бо шиносномаҳои Петрову Боширов ба ин кишвар сафар карданд. Петров нимаи моҳи октябри соли 2014 ба Прага омад. Ба гуфтаи журналистони чех, ин сафари шаҳрвандони рус на танҳо дар мадди назари истихбороти ҳарбии Чех, балки Маркази миллии мубориза бо чиноятҳои муташаккил низ онҳоро таҳти назорат гирифтанд.
Мувофиқи малумоти расонаи Neovlivni.cz, аз соли 2010 – 2014 ёздаҳ дипломати рус бо иттиҳоми чосӯсӣ аз Чехия ихроҷ шуд. Аммо журналистҳо дар бораи робитаи ихроҷи дипломатҳо бо маълумоте, ки Скрипал ба хадамоти истихбороти Чехия дода буд, иттилоъ надоранд.