Путин ва Мирзиёев ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд
Президентони Русия ва Узбекистон – Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои низомӣ ва мубориза бо терроризмро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни нахустин сафари давлатии Путин ба Тошканд баъди сари кор омадани президент Мирзиёев, масоили хатарҳои муштарак, назири мубориза бо терроризму ифротгароӣ, тундрав шудани ҷавонон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карданд. Дар ин бора дар нишасти муштараки ду раҳбар дар паи музокироти баландпояи президентон изҳори назар шуд.