Кобул гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро муваққатан мебандад
Ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, ки дар рӯзи баргузории интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷирга дар он кишвар марзашро бо Тоҷикистон ва ҳамсояҳои дигар муваққатӣ бибандад. Масъулони сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфтанд, ки “чунин тасмим бесобиқа аст”.