Аз вагон – ба хонаи дуҳуҷраӣ. Зуҳро ва шаш фарзандаш манзили нав ёфтанд. ВИДЕО
Зуҳро Сайфуллоева, сокини ноҳияи Ҳисор, бо кумаки мардум соҳиби як манзили дуҳуҷраӣ шуд. Ӯ ду рӯз қабл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зиндагӣ дар як вагони сарду оҳанӣ барояш мушкил аст ва мехоҳад шаш фарзандашро ба ятимхона бисупорад.