Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Сафири Фаронса барои "хатои нобахшиданӣ" аз Сербистон узр хост

Сафири Фаронса дар Белград дар ҳоле аз Сербистон узр пурсид, ки президенти он кишвар Александр Вучич аз бархӯрде, ки ба ӯ дар ҷараёни маросими 100-солагии Ҷанги Якуми Ҷаҳон дар Порис шуд, изҳори нороҳатӣ кард. 


Фредерик Мондолони - сафири Фаронса рӯзи 12-уми ноябр, як рӯз баъди иштироки Вучич бо раҳбарони ҷаҳон дар марсими ёдбуди ҷанги як аср пеш, аз Сербистон маъзарат хост.


Дар ҷамъомади рӯзи 11-уми ноябр президенти Косово Ҳошим Тачӣ дар паси раҳбарони Фаронса, Олмон, Русия ва ИМА ҷой гирифт, дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Сербистонро дар минбари алоҳидаи тарафи муқобил ҷой доданд.


"Боварам намеояд, ки бо ин ҳама қурбонии мардуми Сербистон дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон бо ман чунин бархӯрд сурат гирифт",- навиштааст матбуоти Сербистон аз қавли Вучич.


Таърихшиносон мегӯянд, Сербистон бештар аз ҳар кишвари дигари вориди Ҷанги Якуми Ҷаҳон хисорот дид. 


Таниш дар байни Приштина ва Белград аз 10 соли пеш, аз замоне ки албаниҳои Косово ба таври якҷониба худро аз Сербистон мустақил эълон карданд, боло боқӣ мондааст. 


Фредерик Мондолони ба шабакаи Prva TV гуфт, ки дар ташкили ҷойҳои нишаст дар маросими ёдбуди Ҷанги Якуми Ҷаҳон дар Порис "иштибоҳи нобахшиданӣ" сурат гирифт ва барои ин аз мардуми Сербистон ва президенти кишвар Вучич узр хост. 


Сербистон дар он ҷанг беш аз 1,25 миллион сарбоз ва мардуми мулкиашро қурбон кард. 62 дар сади қурбониҳо мардҳои аз 18 то 55-сола буданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *