Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Буҳрон дар Чехия баъди ба Қрим бурдани писари нахуствазир

Рӯзи 15 ноябр дар Чехия намоиши густардаи эътирозӣ баргузор шуд, ки истеъфои нахуствазир Андрей Бабишро талаб мекард. Ба гуфтаи хабарнигори Радио Свобода, намоиши эътирозӣ бо иштироки чандин ҳазор нафар баргузор шуд. Онҳо нахуствазирро ба дуруғгӯӣ ва суиистифодаи молӣ муттаҳам карданд.


Эътирозҳо баъди пахши хабарҳое оғоз шуд, ки Бабиш писараш -Андрей Бабиши хурдиро аз бозпурсӣ дар заминаи суистифодаи кӯмакҳои молии Иттиҳоди Аврпуо пинҳон кард.  Бабиши хурдӣ гӯё иҷборан ба нимҷазираи Қрим, ки аз тарафи Русия ишғол шудааст интиқол ёфт. Маскав ин хабарро "тавтеа" унвон кард. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, "ба назар мерасад, ки ин тавтеа бо ҳадафҳои дохилӣ бофта шудааст".


Худи Бабиш қаблан гуфт, ки писари ӯ рабуда нашудаст ва будубоши ӯ дар Қрим ихтиёрӣ аст. Нахуствазир афзӯд, ки Андрей Бабиши хурдӣ гирифтори мушкилоти равонӣ ё бемории "шизофрения" аст. Ба гуфтаи сиёсатмадор, нашри сӯҳбат бо писари ӯ бо ҳадафи бадном кардани худи нахуствазир ва истеъфои ҳукумат анҷом шудааст.


Писари нахуствазири Чехия 36 сол дорад. Ӯ молики бахши умдаи саҳмияҳо маҷмаъаи истироҳатии "Гнездо аиста" аст, ки бо ёронаи Иттиҳоди Аврупо бунёд шуд. Аммо бинобар мушкили равонӣ ӯро ба бозҷӯӣ ҷалб накарданд.  Маълум нест, ки ташхиси бемории ӯ талоши гурезаз тафтишот аст ё хайр.


Бабиши хурди рӯзи панҷшанбе дар мукотиба бо рӯзноманигорони чех падарашро ба дуруғгӯӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки бар хилофи хоҳиши худаш дар Қрим буд ва нафарони атрофи нахуствазир ӯро тарс медоданд.


Сенати ҷумҳурии Чех аз Бабиш талаб кард, ки аз мақом истеъфо диҳад. палатаи депутатҳо масъалаи боварӣ ба ҳукуматро рӯзи ҷумъаи оянда баррасӣ мекунад.


 


 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *