Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Додгоҳ хабарнигори CNN-ро ба Кохи сафед баргардонд

Додраси федеролии Амрико амр дод, ки Кохи сафед эътиборнома ё акредитатсияи хабарнигори CNN Ҷим Акостаро барқарор кунад.


Додраси додгоҳи минтақавии ИМА Тимоти Келли амри муваққатии  маҳдудият содир кард ва аз маъмурияти президент Трамп хост, ки вуруди хабарнигори аршади CNN Ҷим Акоса ба Кохи сафедро таъмин кунад. 


Маъмурияти Кохи сафед гузарномаи Ҷим Акостаро рӯзи 8 ноябр, баъди ҷанҷоли ӯ бо президент Трамп дар нишасти матбуотӣ, бекор кард.


Сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс дертар хабарнигорро ба рафтори номуносиб муттаҳам кард. Ба гуфтаи ӯ, Акоста ба духтари таҷрибаомӯзи Кохи Сафед, ки мехост микрофонро аз хабарнигор бигирад, даст расонд.


Ҷанҷоли лафсии Акоста бо президент Трамп дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки хабарнигор бо чанд суоли чолишбарангез аз Трамп посух хост. Ӯ аз ҷумла пурсид, ки чаро президент дар маъракаи интихоботи миёндаврӣ муҳоҷиронро "ишғолгар" номид ва ҳамчунин суол кард, ки оё Трамп аз таҳқиқи робитаи эҳтимолии тими интихоботияш бо Русия нигарон нест. Президент дар посух Акостаро "фарди бисёр дағал ва ваҳшатнок" номид. Трап бо хабарнигорони дигар низ вориди баҳс шуд.


Ин мухолифати аввалини Трамп бо Ҷим Аксота нест. Дар нишасти матбуотии оғози соли 2017, пеш аз оғози фъолияти Трамп ҳамчун раиси ҷумҳур, ӯ аз посух додан ба суоли Акста даст кашид ва гуфт, ки CNN "хабарҳои тақаллубӣ" пахш мекунад.


Раҳбарияти CNN бархурди президентро танқид кард ва Кохи сафедро ба додгоҳ кашид.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *