Дар Узбекистон омӯзгореро шавҳараш бо табар зад. ВИДЕО
Омӯзгореро дар шаҳри Каттақурғони вилояти Самарқанди Узбекистон шавҳараш бо табар задааст. Мақомоти интизомии Узбекистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 25-уми декабр рух дода, зан бо ҷароҳатҳои зиёд зинда мондааст.
Омӯзгорро субҳи 25-уми декабр дар назди дарвозаи мактаб пайдо карданд.
Як ҳамкори омӯзгори маҷруҳ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, “дар ноҳияи мо деҳае бо номи "Сталин" ҳаст. Марде аз ҳамин деҳа бо омӯзгор робитаи заношӯӣ дошт. Субҳ аз садои доду фарёд бедор шудем ва дидем, ки ҳамкори мо назди дарвозаи мактаб хоб аст. Баъдтар фаҳмидем, ки ӯро шавҳараш бо табар задааст.”
Мақомоти интизомии шаҳри Каттақурғон мегӯянд, марди гумонбар боздошт шудааст.
“Гумонбар П.М. рӯзи 26-уми декабр боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст. Зан зинда монда, айни ҳол дар бемористон аст. Нисбат бар мард бар асоси моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз шуд. Бино ба иттилои ибтидоӣ, мард аз рӯи рашк ба ҳамсараш ҳамла кардааст”, - хабар доданд мақомоти интизомӣ.
Мард бо табар дар сару рӯ ва дасту пои зан задааст. Қисме аз захмҳо амиқ ва қисми дигар сатҳӣ шумурда мешаванд. Дар ҳоли ҳозир вазъи вай муътадил арзёбӣ мегардад.