Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки коҳиши иқтисоди дунё бештар аз интизорот хоҳад буд
Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯӣяшро дар робита ба рушди иқтисоди дунё дар соли 2019 аз рушди 3 дар сад ба 2,9 дар сад поён овард. Тамоюли коҳиши иқтисод ба Русия таъсир дорад, ки маҷмаи маҳсулоти дохилиаш то якуним дар сад боло хоҳад рафт. Ин 0,3% камтар аз пешгӯиест, ки Бонки Ҷаҳонӣ моҳи июл карда буд.
Ин муассисаи молӣ дар гузорише, ки рӯзи 8 январ бо номи "Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон" пахш шуд, коҳиши сатҳи тиҷорати байналмилалӣ, кам шудани сармоягузорӣ ва афзоиши ташаннуҷ дар робитаҳои тиҷоратиро пешгӯӣ мекунад.
"Кунд шудани ислоҳоти сохтории Озарбойҷон, Арманистон, Беларусия, Туркия ва Украина сатҳи номуайянии сиёсиро боло мебарад ва ташаннуҷ дар атрофи Сурия ва Украина матавонат таҳримҳои нав ва ҳамин тавр нобоварӣ ба минтақаро ба миён биёрад.
Дар пешгӯии нави Бонки Ҷаҳонӣ кимати нафт поён нишон дода шуд. Интизор меравад, ки дар солҳои 2019-2020 нархи як бушка нафт ба ҳисоби сиёна 67 доллар хоҳад буд, ки ин ду доллар камтар аз пешгӯии моҳи июн аст.