"Тоҷик Эйр" кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод
Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба дунболи қатъи парвозҳояш бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод. Масъулони "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ки бо сабаби қатъи парвозҳо, нигоҳ доштани кормандон бар зарари ширкат аст. Аммо кормандон аз он норозиянд, ки чанд моҳ боз маош нагирифтаанд.