Тоҷикистон қонуни мубориза бо тундгароиро нав мекунад
Дар Тоҷикистон қонуни нави мубориза бо тундгароӣ таҳия мешавад, ки ба гуфтаи мақомот, усулҳои тозаи мубориза бо ин падидаро дар назар дорад. Қарор аст тарҳи нав то се моҳи дигар дар ихтиёри ҳукумат ва порлумон қарор гирад.