Ёдгор Файзов: "Чин дар Бадахшон постгоҳи низомӣ надорад"
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабарҳо дар бораи фаъолияти пойгоҳи низомии Чин дар хоки ин вилоятро рад кард. Файзов гуфт, танҳо дар марзи Бадахшон дидбонгоҳи марзбонони Чин вуҷуд дорад, вале он ҳам дар хоки Тоҷикистон нест.