Харобкорӣ дар оромгоҳи масеҳиён дар Фархор
Беҳурматӣ нисбат ба гӯрҳои масеҳиён дар минтақаи Кӯлоб сокинони русзабони инҷоро ба хашм овардааст. Гӯристони мазкур, ки дар ноҳияи Фархор воқеъ шудааст, оромгоҳи бештар аз 4 ҳазор масеҳист ва русзабононе, ки дар инҷо мондаанд, мегӯянд, харобкорӣ дар гӯристон солҳои ахир зиёд шудааст.