Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Январь
2018

Новости за 28.01.2018

Ozodi.org 

Орзугул Шарофро чанд корд зад ва пушаймон шуд

Орзугул Эшонкелдиеваи 20-сола, ки дар пайи як муноқиша бо корд писари ҳамсояро захмӣ кардааст, мегӯяд, ин корро қасдан накард ва танҳо ба хотири ҳимояи худ ба сӯйи ӯ корд кашидааст.

Ozodi.org 

Ҳалокати 7 ироқӣ дар ҳамлаи ҳавопаймои Амрико

Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки як ҳавопаймои низомии Амрико иштибоҳан ба ҳамоиши размандагони қабилаӣ ва ғайринизомиён дар вилояти шимолии Анбор тир андохта ва дасти кам 7 нафарро куштааст. Ба гуфтаи мақомот, 11 нафари дигар ба шумули як мансабдори ноҳиявӣ дар ҳамла рӯзи 27-уми январ дар ноҳияи Ал-Бағдодӣ захмӣ шудаанд. Ба гузориши хабаргузории Ассосиеэйтед Пресс, ду фармондеҳи баландрутбаи ироқӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои Амрико қурбониёнро ҷангҷӯён пиндошта ҳадаф гирифтаанд. Эътилофи ба раҳбарии Амрико... Читать дальше...

Ozodi.org 

Аҳволи пулҳои рақамӣ аз ҷумла Биткойн бад шуд

Баъди дуздии як навъи пули рақамӣ бо арзиши 530 миллион доллар ва ё 58 миллиард йен, қурби чунин пулҳо дар саросари ҷаҳон поин омад. Койнчек, як ширкати ҷопонӣ, ки бо пулҳои рақамӣ муомила мекунад, рӯзи 26-уми январ гуфт, ки рахнагарони интернетӣ 530 миллион доллар NEM- ро дуздидаанд, ки даҳумин пули рақамии шинохта дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Койнчек баъди дуздӣ фурӯшу пардохти NEM- ро қатъ кардааст ва ҳам муомила бо дигар асъори рақамиро маҳдуд кардааст. Койнчек гуфт, арзёбӣ доранд, ки чӣ қадар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Се сарбози Эронро ифротгароён куштаанд

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, се сарбози худро дар набарде бо ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар вилояти Форс талаф додааст. Ба гуфтаи ин нерӯи қудратманди Эрон 16 узви ин гурӯҳро дастгир кардаанд. Муҳаммад Покпур, фармондеҳи нерӯҳои заминии сипоҳ рӯзи 27-уми январ гуфтааст, ки дар ҷанг чанд узви ДОИШ-ро ҳам куштаанд. Ба қавли ӯ ду узви гурӯҳи Давлати исломӣ фирор кардаанд, вале дар муҳосираи нерӯҳои сипоҳ мондаанд. Фармондеҳи эронӣ гуфтааст, ки “терорристон мехостанд,... Читать дальше...

Ozodi.org 

Навбати дарози муҳоҷирон барои ҳуҷҷати ронандагӣ

Яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯзи 28-уми январ видеои издиҳоми калони муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро ба мо фиристод, ки дар назди идораи бозрасии давлатии автомобилӣ дар Санкт Петербург мунтазиранд. Дар Русия муҳоҷирон ҳақ надоранд бо санади кишвари худ ба таксиронӣ ва дигар корҳо машғул шаванд.

Ozodi.org 

Дар Афғонистон мотами миллӣ эълон шуд

Ҳукумати Афғонистон ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни ҳамлаи хунини рӯзи 27-уми декабр дар шаҳри Кобул, мотами миллӣ эълон кард. Дар натиҷаи бомбгузорӣ дар ин рӯз дар пойтахт бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Бар асоси амри раиси ҷумҳур, парчамҳои Афғонистон дар идораи давлатӣ ва дар сафоратхонаҳо дар хориҷ нимаафрошта буданд. Айни замон дафни қурбониёни ҳамла идома дорад. Вайс Бармак, вазири умури дохилии Афғонистон рӯзи 28-уми январ гуфт, теъдоди қурбониёни ҳамла дар Кобул ба 103 нафар расид. Читать дальше...

Ozodi.org 

Танқид дар Фейсбук Ҷунайдуллоро ба бало гирифтор кард

Мақомоти интизомии ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров яке аз корбарони фаъоли Фейсбукро барои навиштаҳои танқидиаш дар бораи камбудиҳои ноҳия, ба “даъвати оммавӣ барои тағйир додани сохти конститутсионӣ” муттаҳам кардаанд.

Ozodi.org 

Доналд Трамп хост, ҳама ба зидди Толибон бархезанд

Баъди ҳамлаи хунини Толибон, ки дасти кам 95 нафарро дар шаҳри Кобул кушт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз тамоми кишварҳо хост,  ба зидди ин гурӯҳ қотеона амал кунанд. Ӯ рӯзи 27-уми январ дар як баёнияи расмӣ гуфт, “Ман ин бомбгузории нафратангез дар Кобулро, ки даҳҳо ғайринизомии бегуноҳро куштаву маҷрӯҳ кард, маҳкум мекунам. Ин ҳамлаи разилона азми мо ва шарикони афғони моро қавитар мекунад.” Вай афзуд: “Ҳоло бояд тамоми кишварҳо ба зидди Толибон ва сохторҳое, ки ба онҳо кӯмак мекунанд, қотеона амал кунанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Амри шавҳар ва ё барои "ҷиҳод". Сабабҳои ДОИШ-ӣ шудани занони тоҷик

Як пажӯҳише нишон дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз миёни садҳо зани тоҷик, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аксарияташон бо ҳидояти шавҳаронашон ба ифротгароӣ рӯ оварда ва ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд.




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *