Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Апрель
2018

Новости за 09.04.2018

Ozodi.org 

Падари мотамзадаи Умеда: "Омадам, манаҳи духтарам баста буд"

Мақомот дар Рашт сабабҳои худкушии як духтари 14-соларо таҳқиқ доранд, ки дар айвони хона худро ба дор овехтааст. Умеда Эшонқулова хонандаи синфи 8-уми мактаби рақами 30 аз деҳаи Лоёбаи ҷамоати Нусратулло Махсум, ҳафтаи гузашта аз мактаб баргашта ва худро куштааст.

Ozodi.org 

Туркия садҳо муҳоҷири афғонро истирдод кард

Туркия гуфт, ки дар як амалиёти азими ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ садҳо шаҳрванди Афғонистонро ба ватанашон ихроҷ мекунад.  Мақомоти Туркия гуфтанд, ки ин афрод дар давоми ҳафтаҳои охир ва ба таври ғайриқонунӣ вориди хоки ин кишвар шудаанд. Рӯзи 8 апрел ҳавопаймои хатсайри Эрзурум-Кобул 227 шаҳрванди Афғонистонро ба ватан интиқол дод. Мақомот гуфтанд, ки илова ба онҳо 400 шаҳрванди дигари Афғонистон ҳам барои истирдод дар рӯзҳои наздик омода шудаанд. Дар маҷмӯъ аз Эрзурум қарор аст ҳамаи 3 ҳазор муҳоҷире... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Русал" аз хавфи дефолти фаннӣ ҳушдор дод

Ширкати "Русал"-и Олег Дерипаска ба думболи таҳримҳои ахири ИМА рӯзи душанбе аз хатари дефолти фаннӣ дар баробари масъулиятҳои қарзиаш ҳушдор дод. Баъди пахши ин хабар уфти саҳмияҳои "Русал"  дар бозори бурси Ҳонконг аз марзи 50 дар сад гузашт. Рӯзи душанбе коҳиши қиммати саҳмияҳои аслии Дерипаска дар бозори бурси Маскав, идома ёфт.  Онҳо се баробар арзон шуданд. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" хабар дод.  Феълан ширкат масъулияташро дар баробари қарздиҳандаҳо иҷро мекунад, - гуфтаанд мақомоти "Русал". Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 9-уми апрели 2018 (HD)

Ҷасади Абдурасул Назаров бо талаби пайвандонаш барои ташхиси дубораи сабаби марг аз қабр берун оварда шуд, ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Сурия, содироти гази табиии Узбекистон ба Тоҷикистон, ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ, пирӯзии Комроншоҳи Устопириён дар сабқати байналмилалии ҷудо ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Комроншоҳ рӯзи 17-уми апрел ба Душанбе бармегардад

Усто Устопиров, падари Комроншоҳ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз сафари писараш ба Анталия маслиҳат ин буд, ки агар Комроншоҳ медали тилло ба даст орад, пас Муҳаммади хурдсолро барои пешвозгирии ӯ ба Душанбе мебаранд.

Ozodi.org 

Виктор Орбан ва "Фидес" дар интихоботи парлумонии Венгрия пирӯз шуданд

Виктор Орбан, нахуствазири ростгаро ва ҳам маъруф бо сиёсати зиддимуҳоҷират, худ ва ҳизби ҳокими “Фидес”-ро пирӯзи интихоботи  парлумонии Венгрия ё Маҷористон эълон кард. Интихобот ба ҳукумати Орбан бори сеюм имкони дар қудрат монданро фароҳам овард. Баъди шумориши 98,5 дарсади раъйҳо гуфта шуд, ки “Фидес” 48,8 дарсади раъйҳоро бурда аз ҳизби миллатгарои “Йоббик” хеле пеш гузаштааст. Ин ҳизб 20 дарсади раъйи тарафдоронро ба даст овард. Дар интихоботи парлумонии Венгрия 69,3 дарсади шаҳрвандони қобили раъй иштирок карданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Комроншоҳ: "Ғалабаи ман пирӯзии мардуми Тоҷикистон аст".САДО

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик пирӯзиаш дар Гран-прии Анталияро ғолибияти тамоми мардуми Тоҷикистон хонд. Ӯ гуфт, ғолиб шудан дар Анталия вазнин буд ва танҳо машқу заҳматҳои зиёд барояш медали тилло овард.

Ozodi.org 

Рӯҳонӣ: "ИМА пушаймон хоҳад шуд"

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҳушдор дод, ки агар ИМА созиши ҳастаии соли 2015 бо Теҳрон ва қудратҳои ҷаҳониро нақз кунад, “пушаймон хоҳад шуд”. “На мо аввалин ҷониби нақзкунандаи созиши ҳастаӣ ҳастем. Вале онҳо бояд донанд, ки агар онҳо ба ин кор даст заданд, пушаймон хоҳанд шуд”, гуфт Рӯҳонӣ рӯзи 9 апрел дар як конфронсе, ки ба муносибати Рӯзи миллии фанновариҳои ҳастаӣ баргузор шуд. Вай гуфт, “аз он чи ки онҳо фикр мекунанд, мо бештар омода ҳастем ва агар онҳо ин созишро нақз карданд, дар фурсати... Читать дальше...

Ozodi.org 

Исроилро дар анҷоми ҳамлаҳои мушакии Сурия муттаҳам карданд

Матбуоти расмии Сурия гуфт, баъди он ки як пойгоҳи низомии давлатии ин кишвар мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, чандин нафар куштаву захмӣ шуданд. Дар ҳамин ҳол дар сатҳи байналмилалӣ гумонҳое дар заминаи истифода шудани силоҳи кимиёӣ дар шаҳраки Думаи зери назари шӯришиён мечархад, ки сабаби марги даҳҳо нафар шудааст. Сурияву Русияи муттафиқаш мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ  ба пойгоҳи низомии Тайфур ё Т4, ки дар наздикии шаҳри Ҳумс ҷойгир аст, субҳи 9 апрел мушакҳо партоб кардаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Маскав музокироти вазирони хориҷаи Тоҷикистону Русия шурӯъ шуд

Дар Маскав мулоқоти вазирони умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон – Сергей Лавров ва Сироҷиддин Аслов шурӯъ шуд. Сафари расмии вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Маскав  бо даъвати ҳамтои русаш баргузор мешавад. Дар оғози мулоқот, ки дар ҷараёни он инчунин сафирони Тоҷикистон ва Русия ҳам иштирок карданд, Лавров Асловро барои кӯмак дар ташкили интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар моҳи марти соли 2018 ва имкони раъйдиҳии шаҳрвандони Русия дар хоки Тоҷикистон ташаккур кард. «Ҳама чиз дар сатҳи олӣ ташкил шуда буд», гуфт Лавров. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ихроҷи се донишҷӯи тоҷик барои "мошинсаворӣ"

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар се моҳи гузаштаи имсол 7 донишҷӯи донишгоҳу донишкадаҳо дар шаҳри Душанбе ба ҷиноят даст задаанд. Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии пойтахт, дар ин бора ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат карда ва гуфтааст, ки ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён рӯ ба афзоиш овардааст, ки мояи нигаронист. Шариф Назарзода дар мулоқоти дигаре бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷасади Абдурасул Назаровро барои таҳқиқ аз қабр берун оварданд

Гурӯҳи пизишкони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ баъди тақрибан 10 рӯзи хоксупории сокини Кӯлоб Абдурасул Назаров, қабри ӯро боз намуда, ҷасадро дигарбора мавриди санҷиш қарор додаанд.




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *