Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Август
2018

Новости за 06.08.2018

Ozodi.org 

Медведев аз низои "даҳшатнок" ҳушдор дод

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев рӯзи 6 август дар сӯҳбат бо радиои  "Коммерсант FM" гуфт, ки шомил шудани Гурҷистон ба НАТО "низои даҳшатнок"-ро таҳрик медиҳад.  Дмитрий Медведев ин изҳоротро дар даҳумин солгарди низои мусаллаҳонаи Русияву Гурҷистон пахш кард. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки ҳеҷ зарурате барои он низо вуҷуд надошт. Моҳи августи соли 2008 Дмитрий Медведев, ки он замон президенти Русия буд, ба минтақаи низои байни Гурҷистон бо Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ нерӯи низомӣ ворид кард. Баъди даргирии панҷрӯза... Читать дальше...

Ozodi.org 

Як зани олмонӣ дар Ироқ ба зиндони абад маҳкум шуд

Додгоҳи Бағдод як зани олмонӣ бо номи Надия К.,-ро барои узвият дар гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" ба зиндони абад маҳкум кард. Дар ин бора Deutsche Welle рӯзи 6 август хабар дод. Ин қарор метавонад бознигарӣ шавад.  Модираи Надия К., як олмонии мароқандитабор моҳи январи соли равон ба марг маҳкум шуд.  Додгоҳи Ироқ ӯро дар содир кардани як идда ҷиноят муҷрим эълон кард. Ин зан ҷиноятҳоро ҳангоми дар сафи гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ буданаш содир кардааст. Баъдан ҳукми эъдоми ин зан ба зиндони якумрӣ иваз шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Таътилҳои мавсимӣ дар мактабҳои Тоҷикистон барқарор шуданд

Мақомоти маориф низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро баргардонидаанд. Дар соли хониши нав таътили якмоҳаи зимистонӣ барҳам хӯрда, ҷои онро се таътили якҳафтаӣ гирифт. Ин ҳамон низомест, ки дар давраи шӯравӣ амал мекард. Осим Каримзода, мудири маорифи вилояти Суғд   мегӯяд, тибқи низомномаи нави ҳайъати мушовараи вазорати маориф, дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии Тоҷикистон таътили як-моҳаи зимистонӣ барҳам дода шуд ва ба ҷои он хонандагон баъди ҷамъбасти ҳар чоряки таҳсил, тирамоҳу зимистон ва баҳор якҳафтаӣ истироҳат хоҳанд кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мақомот ба вуруди шуморе аз мошинҳои дар гумрук бандмонда иҷозат додаанд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мошинҳои, куҳнаеро ки то 15 -уми феврали имсол ба кишвар оварданд, иҷоза вуруд додааст. Ин тасмим имруз зимни як маҷлис бо ширкати раиси Хадамоти гумурук гирифта шудааст. Дар нимаи моҳи феврал воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба Тоҷикистон манъ гардид.

Ozodi.org 

Бозори гарми мардикорон дар Душанбе

Дар Тоҷикистон мизони бекорӣ ҳамоно дар сатҳи боло боқӣ мемонад. Наздики миллион нафар аз сокинони қобили меҳнат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд ва садҳо ҳазори дигар талоши пайдо кардани кор дар ватанро доранд. Солҳост бозори мардикорҳо дар чанд гӯшаи кишвар аз ҷуяндагони кор кам намешавад.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 6-уми августи соли 2018 (HD)

Русе ки ба муҳоҷири тоҷик ҳамла кард, ҷазо гирифт, Нахустин парвоз аз Душанбе ба Бухоро, Гумрук тақдири баъзе аз мошинҳои кӯҳнаро ҳал кард, Мардикорони тоҷик хобгоҳи арзон мехоҳанд, Билайн дар баҳс бо Кумитаи андоз мағлуб шуд

Ozodi.org 

Mail.ru Group ба афви муаллифони "Like ва share" даъват кард

Mail.ru Group, ки ба шабакаи иҷтимодии "Вконтакте" марбут аст, ба афви онҳе даъват, ки барои ""Like" ва бознашри  ва  матолиби шабакаҳо ҳукм гирифтанд. Ин гурӯҳ ҳамчунин даъват кард, ки "репост"-и матлабҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷурм ҳисоб нашавад. Дар бисёр минтақаҳои Русия таҷрибаи боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи корбарони шабакаҳо барои "Like" ва бознашр густариш меёбад.  "Дар бисёр маврид амалкарди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба таҳдиди амният марбут набуда, бархурди онҳо ба корбарони бисёр сахт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Масъулони маҳбаси Қазоқистон бо айби шиканҷа зиндонӣ шуданд

Додгоҳи вилояти Қарағандаи Қазоқистон як гурӯҳи нозирони маҳбасро бо айби шиканҷа ба муддатҳои мухталиф равонаи зиндон кард. Ҳукми додгоҳ рӯзи 6 август эълон шуд. Бо ҳукми додгоҳ, ёвари сардори маҳбаси мазкур Баурбек Шотаев ва Виталий Заретский, як масъули дигари маҳбас бо моддаи барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марги одам шудааст, 7-солӣ зиндонӣ шуданд. Бино бар иттилои тафтишот, Виталий Заретский 11 марти соли 2017 дастур додаст, ки Валерий Чупинро ба отряди дигар интиқол ва "ҷазо" диҳанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Чаро "Пантера" аз Мурғоб рафт? ВИДЕО

Масъулони "Пантера" -- як созмони байналмилалии ҳимоят аз бабрҳои барфӣ иддао доранд, ки мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон онҳоро аз ноҳияи Мурғоб берун карданд.

Ozodi.org 

Дар як сол 31 шаҳрванди Қирғизистон аз асорати Туркия раҳо шуданд

Соли 2017 ҳудуди 303 шаҳрванди хориҷӣ аз асорат дар Туркия раҳо шуданд. 86 тани онҳо шаҳрвандони Сурия, 31 тан аз Қирғизистон ва 25 нафар аз Марокаш будаанд. Ба иттилои Сарраёсати хадамоти муҳоҷирати Туркия, шаҳрвандони хориҷиро ваъдаи кор дар шаҳрҳои калоне амсоли Анталия, Истамбул ва Анқара фирефта мекунад. Дар давоми се соли охир 642 шаҳрванди хориҷӣ, ки аз ин шумор 460 танашон занҳо будаанд, ба ваъдаҳои бепоя ба доми гурӯҳҳои ҷиноӣ афтодаанд. Дар идораи муҳоҷирати Туркия бештар аз 19 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон сабти ном шудаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Конгресс буҷаи низомии ИМА-ро барои соли 2019 қабул кард

Конгресси ИМА буҷаи мудофиаи Амрикоро бо суръати рекордӣ тасвиб кард ва барои имрзо ба раиси ҷумҳур фиристод. Буҷа афзоиши  харҷи низоимро то 2 дар сад ва теъдоди низомиёнро ба 15600 нафар боло бурд. Санад дар чаҳорчӯби мубориза бо терроризм барои пешбурди   маъракаи низомӣ дар Афғонистон, Сурия, Яман, Ироқ, Нигер, Либиё ва Сомали маблағ ҷудо кард. Аз сӯи дигар санад таъғири бартариҳои Пентагон аз ҷангҳои камшиддат ба самти муқовимат бо абарқудратҳои дигар, Чин ва Русияро мунъакис мекунад.  Конгресс... Читать дальше...

Ozodi.org 

СММ Туркманистонро дар марги хабарнигори Радиои Озодӣ масъул донист

Бунёди ҷамъияти озод хабар дод, ки Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ Туркманистонро дар шиканҷа ва марги Огулсапар Муродова масъул донист. "Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ вазъи риққатбори ҳуқуқи башарро дар Туркманистон сахт маҳкум карда, мақомоти ин кишварро дар шиканҷаву марги рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Огулсапар Муродова, ки баъд аз мурофиаҳои додгоҳии ноодилона моҳи сентябри соли 2006 дар зиндон вафот кард, масъул донист", - навишт сомонаи бунёд 2 август. Муродова миёнаҳои моҳи июни он сол ҳамроҳи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Русия боҷи гумрукии молҳои амрикоиро боло бурд

Русия аз 5 август боҷи гумрукии як қатор молҳои воридотии амрикоиро боло бурд. Ба иттилои хабаргузории "Прайм", боҷи гумрукӣ дар посух ба иқдоми ахири Амрико дар робита ба воридоти пӯлод ва алюминий гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ, Русия боҷи гумрукии воситаҳои нақлиёти боркаш, техникаҳои роҳсозию сохтмонӣ, дастгоҳҳои нафту газ ва абзори коркарди оҳанро боло бурдааст. Хисороти маҳдудиятҳои тиҷории Амрико ба молҳои содиротии Русия 540 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Ҳаҷми умумии боҷи иловагие... Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *