Бюрои федеролии таҳқиқот бозҷӯии қазияи Бретт Кавнаро ба поён расонд
Бюрои федеролии таҳқиқот -FBI хулосаи бозҷӯияш дар заминаи иттиҳоми бадрафтории ҷинсии номзад ба мақоми Додгоҳи Олии Амрико Бретт Каваноро ба Кохи сафед пешниҳод кард. Дар ин бора намояндаи президенти ИМА хабар дод. Президент Доналд Трамп ва шарикони ӯ дар Конгресс аз тайини Кавано ба ин мақом ва изҳороти ӯ дар бораи бегуноҳ буданаш пуштибонӣ мекунанд. Дар чаҳорчӯби ин талошҳо лидери ҷумҳурихоҳон дар Сенат Митч Макконнел раванди райъдиҳӣ ва тасдиқи номзадии Бретт Кавано ба мақоми додраси Додгои Олиро ба рӯзи ҷумъа таъин кард. Читать дальше...