Доналд Трамп: рӯзноманигор Хошуқҷӣ "зоҳиран, дар воқеъ кушта шудааст"
Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ "зоҳиран, дар воқеъ кушта шуда аст". Трамп рӯзи 18 октябр чунин ҷавобро дар посух ба суоли як хабарнигор дод. Президенти ИМА гуфт, вай мунтазири натиҷаҳои расмии таҳқиқ мемонад, аммо дар сурати исбот шудани даст доштани Арабистони Саудӣ дар марги рӯзноманигор, оқибатҳои он барои Риёз сангин хоҳад буд. Мақомоти Туркия бовар доранд, ки кормандони консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул дар нопадидшавии рӯзноманигор даст доранд. Читать дальше...