"Шахсонеро медонам, ки диплом надоранд, дар идораҳо кор мекунанд". Қонуни нав вазъи дигар мекунад?
Дар Тоҷикистон тарҳе омода шудааст, ки бар пояи он, таваҷҷуҳ кардан ба мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, эътиқоди динӣ ва вазъи иҷтимоии довталабони кор дар идораҳои давлатӣ мамнуъ хоҳад буд. Ин талаби Қонуни асосии Тоҷикистон аст, ки қонунҳои дигар бояд ба он мувофиқат кунанд, вале коршиносон мегӯянд, вориди кор шудан дар ниҳодҳои давлатии кишвар ғолибан на бе шаваҳои ҳуқуқӣ сурат мегирад. Тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни хидмати давлатӣ аз сӯи чанд вакили порлумон таҳия шуда, ахиран ҳукумат низ ба он риҳоият додааст. Читать дальше...