Ҳукумати Афғонистон дар як рӯз 900 маҳбуси Толибонро озод кард
Ҳукумати Афғонистон пас аз дастури президент Ашраф Ғанӣ рӯзи сешанбеи 26-уми май 900 зиндонии гурӯҳи Толибонро озод кард. Ҳукумат рӯзи душанбе низ 100 зиндонии ин гурӯҳро аз маҳбаси Багром воқеъ дар шимоли Кобул озод карда буд. Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, агар Толибон оташбасро тамдид кунанд, ҳукумат ҳам ба иловаи риояи он, дигар зиндониёни ин гурӯҳро озод хоҳад кард. Толибон рӯзи 24 март -- рӯзи аввали Иди Фитр оташбаси серӯза эълон карданд ва дар муқобил президенти Афғонистон дастури... Читать дальше...