На пеш на қафо: мавқеи Тоҷикистон да раддабандии нави ФИФА дақиқ шуд
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол ҷои ҷойи худро тағйир надода, дар мавқеи пешини худ қарор гирифтааст
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол ҷои ҷойи худро тағйир надода, дар мавқеи пешини худ қарор гирифтааст
Се корманди мақомоти корҳои дохилии шаҳри Андиҷони Узбекистон бо айби сӯистифода аз салоҳиятҳои хизматӣ, боздошти ғайриқонунӣ ва истифодаи шиканҷа боздошт шудаанд. Дар ин бора Додситонии кулли Узбекистон хабар медиҳад. Пештар аз ин хабар расид, рӯзи 11 июн сокини 32-солаи Андиҷон А. Абдукаримов фавтид, ки 30 май дар ҳолати беҳушӣ ва осори шиканҷа дар бемористон бистарӣ шуда буд. Додситонии Узбекистон хабар дод, ки нисбати сокини Андиҷон хушунат раво дида шуда, ӯро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.
Дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" шаби 14 июн дар саҳифаи @tajadymm зидди хушунати хонаводагӣ эътирози онлайнӣ баргузор шуд. Чолпон Абдраҳмонова, яке аз ташкилкунандагони эътироз гуфт, "ҳодисаҳои охири хушунати хонаводагӣ ба иззати нафси ҳама расид. Аз ҳамин хотир мо тасмими баргузории эътирози онлайниро гирифтем ва ин падидаро маҳкум мекунем". Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки марде дастони ҳамсарашро баста, аз сари вай об мерезад. Мард ҳамзамон ду чархи мошинро дар гардани зан овезон кард. Читать дальше...
Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон гуфт, баъд аз он, ки натиҷаи ташхисаш ба бемории КОВИД-19-ро мусбат эълон карданд, дар бемористон бистарӣ шуд. "Дӯстон, мутаассифона маҷбурам, ки хабари нохушро расонам. Ташхиси охири ман натиҷаи мусбат нишон дод. Ман дар бемористон бистарӣ шудам", -навишт вай рӯзи 14 июн дар саҳифаи "Фейсбук". Вай мегӯяд, тамоми чораҳои беҳдоштиро риоя кардааст, аммо "хатар ҳамеша вуҷуд дорад". Вазир ҳамзамон аз шаҳрвандони Қазоқистон даъват кард, ки "карантини шахсӣ"-ро... Читать дальше...
Сар аз 15 июн дар Узбекистон парвозҳои байналхалқӣ дубора ба роҳ монда мешаванд. Парвозҳо асосан бо кишварҳое барқарор мешаванд, ки вазъи муътадили беҳдоштиву эпидемиологӣ доранд. Ин тасмимро Комисияи вижаи ҷумҳуриявии Узбекистон қабул кардааст. Вуруд ва хуруҷ ба афроди зер иҷозат мешавад: кормандони намоянадгиҳои дипломатӣ ва консулгарии кишварҳои хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳо; мутахассисони ширкатҳои хориҷие, ки дар Узбекистон фаъолият мекунанд; касоне, ки қасди табобат доранд; афроде... Читать дальше...