Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Январь
2021

Новости за 05.01.2021

Ozodi.org 

Навиштаҷоти ҷанҷолӣ дар як кӯчаи Хуҷанд

Дар яке аз роҳравҳову деворе дар шаҳри Хуҷанд навиштаҷоте бо даъвати истеъфои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуда ва рӯзе баъд пок шудааст. Маълум нест, кӣ ва кай онро навиштааст, вале видеои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон расман лимити барқ ҷорӣ шуд

Дар Тоҷикистон расман лимити барқ ҷорӣ карданд. Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар муроҷиати расмии худ гуфтаанд, маҳдудият танҳо ба аҳолии рустонишин дахл дорад ва ба сокинони биноҳои баландошёна рабт намегирад.

Ozodi.org 

"Сармои сибирӣ" то охири ҳафта дар Тоҷикистон идома мекунад

Ҳавои сард ва "сармои сибирӣ" дар Душанбе ва навоҳии атрофи он то рӯзи 8- уми январ идома хоҳад кард. Тоҷикистонро дар чанд рӯзи ахир сармои шадид фаро гирифтааст. Бино ба иттилои Маркази обу ҳавошиносии кишвар, ин "сармои сибирӣ" аст, ки "аз ғарби Сибир тариқи Қазоқистон вориди Тоҷикистон шудааст". Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯзи ахир дар Душанбе ҳаво то 3 дараҷа сард аст ва эҳтимол дорад ин сардӣ рӯзҳои наздик ба як то ду дараҷа бирасад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Сон Ҳюнг Мин беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2020 шуд

Сон Ҳюнг Мин, ҳамлагари 28-солаи бошгоҳи "Тоттенҳэм"-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2020, ки онро нашрияи варзишии "Fox Sports Asia" таъсис додааст, эълон гардид. Барои ин ҷоиза 24 бозигар довталаб буд. Дар ин бора сомонаи нашрия хабар додааст.

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, "ислоҳоти сиёсӣ кори якрӯза ё яксола нест"

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар арафаи интихоботи порлумонии ин кишвар бо нашри матлабе дар як нашрияи маҳаллӣ гуфтааст, "ислоҳоти сиёсӣ масъалае нест, ки дар як рӯз ё як сол ҳал шавад".

Ozodi.org 

Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико хостанд, Эрон киштии нафткашро раҳо кунад

Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико аз Эрон хостаанд, киштии нафткаши мутаалиқ ба Куриёи Ҷанубиро раҳо кунад. Киштии “МТ Ҳанкук Хеми”-ро мақомоти Эрон рӯзи 4-уми январ ба гуфтаи онҳо барои барои “олуда кардани об бо нафт” дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз дастгир карданд.

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон муовини пешини раиси Кумитаи амниятро меҷӯянд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз сокинони кишвараш даъват кардааст, агар дар бораи маҳалли будубоши муовини пешини раиси кумита Болотбек Суюмбоев маълумоте доранд, ба ин ниҳод хабар диҳанд.

Ozodi.org 

Сардори пулиси Оқсуи Қирғизистон баъди эътирози сокинон барканор шуд

Полковники милитсия Шекербек Тангиров аз мақоми сардори пулиси ноҳияи Оқсуи вилояти Ҷалолободи Қирғизистион барканор шуд. Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, ки Тангировро баъди эътирози наздики 300 сокини маҳаллӣ аз вазифааш сабукдуш карданд. Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, сокинони Оқсу 4-уми январ ба нишони эътироз роҳи мошингарди Ала-Бука - Чаткал - Ҷалолободро бастанд. Сокинони Оқсу баъди он даст ба эътироз заданд, ки пулис наздикони онҳо - Кутман, Тургун... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон 683 ҳолати нави сироят ба коронавирус сабт шудааст

Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 645 ҳолати нави мубталошавӣ ба COVID-19 ва 38 ҳолати дигар ба "илтиҳоб" ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар он кишвар дар як рӯзи охир 7 тан аз вабои коронавирус фавтидааст. Дар маҷмуъ, шумори гирифторони вабои коронавирус дар Қазоқистон ба 157 ҳазору 579 кас расидааст. Шуруъ аз 13 марти соли 2020 то рӯзи 3 январи соли 2021 дар Қазоқистон аз ин вабо 2336 кас фавтидааст. Ба иттилои мақомоти тандурустии Қазоқистон, айни ҳол 22 ҳазору 710 кас дар беморхонаҳо табобат мегиранд. Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *