Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Апрель
2021

Новости за 06.04.2021

Ozodi.org 

Созиши Беларус бо Тоҷикистону Афғонистон. Рушди ҳамкорӣ ё фирор аз таъсири таҳримҳо?

Cоҳибкорони Тоҷикистону Беларус ва Афғонистон роҳҳои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ ва ба маблағи беш аз 11 миллион доллар созишнома имзо карданд. Мулоқоти онҳо рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе сурат гирифт.

Ozodi.org 

Рӯҳонии тоҷик иддао кард, ки дар Тоҷикистон ва дар озодист, аммо барои бозгашт ба Русия санад надорад. ВИДЕО

Саиднуриддин Розиқов, рӯҳонии 60-солаи тоҷик, ки мақомоти Русия шаҳрвандияшро бо иттиҳоми "комил набудани ҳуҷҷатҳо" бекор карда буданд, дар як навор гуфтааст, феълан дар Тоҷикистон ва дар озодист.

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи ҷудо дар Бишкек Шукрона панҷум, Аҳлия ва Фазилат ноком шуданд

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки 6-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – шуруъ шуд, Тоҷикистонро 11 варзишгар намояндагӣ мекунад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохиланд. Рӯзи аввали мусобиқа - 6-уми апрел - мардон дар вазнҳои то 60 ва то 66 кило рақобат карданд. Аммо дар ин вазнҳо Тоҷикистон намоянда надошт. Занон дар вазнҳои то 48, то 52 ва то 57 кило ба рақобат пардохтанд. Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило дар даври аввал бар намояндаи Чин - Ка Ки Вонг пирӯз шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Музокирот барои бозгашт ба созиши ҳастаӣ бо Эрон дар Вена доир мешавад

Амрико мегӯяд, интизори пешрафти сареъ ё зуд дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон нест. Эрон ҳам гуфтааст, дар ҳоли ҳозир эҳтимоли музокироти мустақим миёни Вашингтон ва Теҳрон вуҷуд надорад.

Ozodi.org 

"Садои ишқ асту дилтангӣ"-и Султони Ҳамад нашр шуд

Китоби "Садои ишқ асту дилтангӣ"-и Султони Ҳамадро пас аз тақрибан ду соли даргузашташ дар Душанбе нашр карданд. Ин хабарнигор ва шореҳи шинохтаи тоҷик тобистони соли 2019 бар асари беморӣ фавтид.

Ozodi.org 

Як зани тоҷик дар садамаи киштӣ дар Русия ҷон бохт

Як зани 37-сола аз Тоҷикистон бар асари чаппа шудани киштии навсохт дар Русия ҷон бохтааст. Пайвандонаш гуфтанд, талош доранд, ки ҷасади ӯро ба Тоҷикистон биоранд. Матлуба Иброҳимова дар корхонаи киштисозии "Пела" дар канори Санкт-Петербург ҳамчун рангмол (маляр) кор мекард.

Ozodi.org 

Дар Туркия 10 адмиралро бо гумони ташкили табаддулот дастгир карданд

Дар Туркия 10 адмирали бознишастаеро боздошт карданд, ки зери номаи боз дар бораи ҳифзи конвенсияи Монтрё имзо гузошта буданд. Конвенсияи Монтрё равуои киштиҳоро аз тангнои Босфор ва Дарданеллӣ танзим мекунад.

Ozodi.org 

Боздошти се мактабхон дар Истаравшан барои "наворҳои мамнуъ". Мудири маориф барканор шуд

Дар шаҳри Истаравшан се хонандаи мактаб ба таблиғи наворҳои созмони дар кишвар мамнӯи "Гурӯҳи 24" гумонбаранд. Волидони яке аз онҳо гуфт, ноболиғон гуноҳе накардаанд, вале дар пасманзари ин ҳодиса Диловар Азимов, мудири маорифи Истаравшан, аз мақом барканор шуд.

Ozodi.org 

Соли 2020 шумораи муҳоҷирон дар Русия ду баробар кам шуд

Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар Русия кор мекунанд, дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 ҳудуди 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба маркази матбуотии ВКД  Русия хабар додааст. Соли гузашта аз сӯи хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар Русия фаъолият кардаанд  ҳудуди 41 ҳазор қонуншиканӣ сабт шудааст. Вазорати корҳои дохилии ин кишвар гуфтааст, ҳамчунин шумораи қонунвайронкунии вуруд ва низоми будубош дар кишвар низ ду баробар кам шудааст. Дар маҷмӯъ, соли гузашта беш аз 204 ҳазор қонуншиканӣ ошкор шудааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

COVID-19: Бишкек ба минтақаи "сурх" шомил шуд

Ба далели болоравии теъдоди гирифторон ба COVID-19, шаҳри Бишкеки Қирғизистонро шомили минтақаи "сурх" карданд. Вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар аз сокинон даъват кард, ки ба овозаҳо дар бораи он ки гӯё "мубталошудаҳои коронавирус метавонанд, ваксина нагиранд, бовар накунанд". Зуриддин Нурматов, як масъули Вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон гуфт, ба далели афзоиши шумораи гирифторон шаҳри Бишкек шомили минтақаи "сурх" шудааст. "Бишкек се рӯз аст, ки дар минтақаи "сурх" шомил шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Путин қонуни мондани худ дар қудрат то соли 2036-ро имзо кард

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи душанбеи 5-уми апрел қонуни нави интихоботии Русияро, ки ба вай иҷоза медиҳад то соли 2036 дар қудрат бимонад, имзо кард. Қонуни қаблии Русия ба Владимир Путини 68-сола, ки беш аз ду даҳа мешавад қудратро дар даст дорад, иҷоза намедод беш аз ду бор дар ин мақом ба таври пайдарпай боқӣ бимонад. Ӯ қаблан барои ҳифзи қудрат маҷбур шуда буд, ки дар интихоботи соли 2008 ба унвони нахуствазири ин кишвар нақши сиёсӣ бозӣ кунад. Он замон Дмитрий Медведев аз чеҳраҳои вафодор ба Путин... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Эрк" - ҳизби мухолифи ҳукумати Узбекистон азми ширкат дар интихоботи президентиро дорад

Ҳизби мухолифи "Эрк"-и Узбекистон эълом кард, ки дар интихоботи президентии моҳи октябри соли ҷорӣ номзад пешбарӣ мекунад. Ҳизби сиёсии "Эрк" соли 1991 дар вазорати адлияи Узбекистон сабти ном шудааст. Ин ҳизб дар давоми 30 сол, ба гуфтаи муассисон ва роҳбаронаш, ҳамеша зери фишор ва таъқиб будааст. Дар сомонаи ҳизби мазкур аз 5 апрел хабар дода шудааст, ки дар интихоботи президентии тирамоҳӣ бо номзади худ ширкат хоҳанд кард. Бино ба изҳороти ҳизб, мумкин аст, овозхон Ҷаҳонгир Отаҷонов номзади ҳизби "Эрк" шавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Иштироки 11 варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус (Asia-Oceania Senior Championships 2021), ки имрӯз, 6-уми апрел, дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – шуруъ мешавад, Тоҷикистонро 11 варзишгар намояндагӣ мекунад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан - Шукрона Қарчиева (48 кг), Аҳлия Муъминова (52 кг), Фазилат Гулбоева (52 кг) ва ҳашт мард - Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Акмал Муродов (81 кг), Ҳақназар Назаров (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Мансур Раҳмон (-100 кг)... Читать дальше...

Ozodi.org 

Як зан аз Ҳисор мегӯяд, ҷойи зист надорад, вале кӯдаконашро аз мактаб-интернат ронданд. ВИДЕО

Се сол ба ин тараф мактаб-интернатҳои Тоҷикистон кӯдакони зиндаятимро қабул намекунанд. Дар ин байн як модари серфарзанд аз Ҳисор мегӯяд, ба танҳоӣ ва бидуни ёрии давлат аз уҳдаи тарбияи фарзандон намебарояд.

Ozodi.org 

Узбекистон ба Қирғизистон кӯмакҳои башардӯстона фиристод

Узбекистон ба Қирғизистон 1000 тона тухмии гандум фиристод. Аз ин 1000 тона 500 тонааш ҳамчун кӯмаки башардӯстона ва 500 тонааш қарз дода шудааст, ки Қирғизистон бояд, дар шакли гандум баргардонад. Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов иттилоъ дод. Сарвазири Қирғизистон гуфт, ки Узбекистон ҳамчунин 500 тона тухмии пахта фиристодааст. Ин миқдор пахта низ 250 тонааш кӯмаки башардӯстона ва 250 тонааш қарз дода шудааст. "Ба илова, Узбекистон ба Қирғизистон 10 ҳазор тона орд ҳамчун кӯмаки башардӯстона фиристодааст", - гуфт сарвазир. Читать дальше...

Ozodi.org 

Корпартоии ронандагоне, ки ба маркази гармидиҳии Бишкек ангишт мекашанд

Чанде аз ронандагони мошинҳои боркаш, ки ба кашондани ангишт аз кони Қара-Кечеи вилояти Норини Қирғизистон ба маркази гармидиҳии шаҳри Бишкеки он кишвар машғуланд, корпартоӣ карданд. Ронандагон гуфтанд, ба далели пардохт нашудани ҳаққи заҳматашон корпартоӣ кардаанд. "Мо ҳар тонаи ангиштро 900 сомӣ (наздики 11 доллар) мерасонем, вале ҳар тонаи онро 1290 сомӣ мефурӯшанд. Ширкати миёнараве, ки тендерро соҳиб шудааст, аз ҳисоби мо фоида ба даст меорад. Аз ҳамин хотир мо маҷбур будем, ки корпартоӣ кунем. Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *