Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Июнь
2022

Новости за 29.06.2022

Ozodi.org 

Додраси машҳур бо "ҳукми сафед" дар Душанбе боздошт шудааст

Рустам Саидаҳмадзода, додраси 43-солаи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир шудааст. Дар ҳоли ҳозир шарҳи мақомот дастрас нест. Яке аз наздиконаш гуфт, муфаттишони Додситонии кул ӯро ба "дидаву дониста расондани хабари бардурӯғ" гумонбар кардаанд.

Ozodi.org 

Туркия, Шветсия ва Финландия дар мавриди НАТО ба созиш расиданд

Туркия, Шветсия ва Финландия дар пайи музокирот дар шаҳри Мадрид созишномаи амниятӣ бастанд, ки раванди пайвастани онҳоро ба НАТО ҳамвор мекунад. Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор дошт.

Ozodi.org 

Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон

Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди имзои созишномаи сулҳро ҷашн гирифт. Радиои Озодӣ дар остонаи ҷашн бори аввал рӯйхати садҳо қурбонӣ ва гумшудаи ҷанги дохилии солиҳои 1992-97-ро нашр кард.

Ozodi.org 

"Чӣ гуна ба худаш 26 корд задааст?" Баҳси марги Манора дубора бархост. ВИДЕО

Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи марги баҳсбарангези як зани ҷавон дар Файзобод оғоз кардааст. Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд рӯзи 22-юми июни соли 2021 дар манзили иҷорааш дар ноҳияи Файзобод ёфтанд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Наздиконаш бовар надоранд.

Ozodi.org 

Волидони Манора посухи марги духтарро меҷӯянд

Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи марги баҳсбарангези як зани ҷавон дар Файзобод оғоз кардааст. Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд рӯзи 22-юми июни соли 2021 дар манзили иҷорааш дар ноҳияи Файзобод ёфтанд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Наздиконаш бовар надоранд.

Ozodi.org 

Amnesty International ҳукумати Узбекистонро танқид кард

Amnesty International рӯйхати блогерони узбекистониеро нашр кард, ки ба далели танқидҳояшон аз ҳукумати марказӣ ё мақомоти маҳаллӣ таҳти таъқиб, фишор ва ё боздошт қарор гирифтаанд.

Ozodi.org 

Дар Чин аз афзоиши додугирифти Тоҷикистон гуфтанд

Як сомонаи вобаста ба ҳукумати Чин, бо такя ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон навиштааст, дар 5 моҳи охир сатҳи тиҷорати хориҷии кишвар беш аз бист дарсад афзуда, ба 2,9 миллиард доллар расидааст.

Ozodi.org 

"Аҳолии Тоҷикистон дар моҳи август ба 10 миллион нафар мерасад"

Моҳи августи имсол Тоҷикистонро хушхабаре дар пеш аст. Шаҳрванди 10-миллионуми кишвар ба дунё хоҳад омад. Дар ҳоле ки иддае аз афзоиши аҳолӣ ва ҳамин тавр мушкили иҷтимоӣ ба мисли нарасидани замину хона ташвиш доранд, мақомот мегӯянд, солҳои охир суръати афзоиши аҳолӣ кам ва оилаҳо хурдтар мешаванд.

Ozodi.org 

Оғози музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико

Даври нави гуфтугӯҳои ғайримустақими Эрон ва Амрико барои эҳёи созиши ҳастаии Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, бо миёнаравии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 28-уми июн дар Давҳа (Доҳа), пойтахти Қатар, оғоз шуд.

Ozodi.org 

Зиёни селро дар Исфара ҳисоб кардаанд

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, офати табиӣ ба 10 иншооти иҷтимоӣ низ осеб расонд ва 3 километр роҳро вайрон кард.

Ozodi.org 

Додгоҳ Алмосбек Отамбоевро «бегуноҳ» донист

Додгоҳ гуфтааст, иддао дар бораи ӯ ва шаш ҳамроҳи дигараш, ки дар беназмиҳои оммавӣ, ҳифзи ғайриқонунии аслиҳа ва таҳдид ба мақомоти  интизомӣ муттаҳам мешуданд, собит нашуд.

Ozodi.org 

Ҳамсараш Далери Имомалиро дар боздоштгоҳ дидааст, вале бе шарҳ

Ӯ рӯзи 15-уми июн аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе дастгир ва ба "соҳибкории ғайриқонунӣ", "дурӯғпароканӣ" ва "пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ" гумонбар аст. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон раҳоии ӯро хостаанд.

Ozodi.org 

Додгоҳ гумонбарони ҳодисаҳои моҳи октябри Қирғизистонро сафед кард

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 28 июн дар мавриди парвандаи беназмиҳои моҳи октябри соли 2020 қарор қабул кард. Ҳамаи гумонбарон, ки президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ ҳамроҳ бо онҳо буд, "дар робита ба мавҷуд набудани ҷиноят дар рафторҳояшон" сафед карда шуданд. Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, Отамбоевро дар содир кардани ҷинояти "Бетартибии оммавӣ" айбдор дониста, 12 сол аз озодӣ маҳрум кунад. Айбдоркунандаи давлатӣ дар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон баҳсҳоро дар Қарақлпоқистон ба бор овард

Тарҳи қонун "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон", ки рӯзи 26 июн ба муҳокимаи умум гузошта шуд, миёни сокинони Қарақалпоқистон баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Қарақалпоқистонро аз тарҳи нави Конститутсия хориҷ кардани мафҳуми "истиқлол"-и Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ва ибораи "ҳаққи мардуми ҷумҳурӣ барои ҷудошавӣ дар асоси раъйпурсӣ" нигарон кардааст. Ба як саҳифаи Telegram, ки таҳти номи "Конститутсия Қарақалпоқистон" рӯзи 26 июн таъсис шудааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Кӣ дар Тоҷикистон ҳаққи имомхатиб шудан надорад?

Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи "Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", ки ҳафтаи гузашта қабул шудааст, интихоби муассисони иттиҳодияи динӣ ё имоми масҷидҳо дар Тоҷикистон сахттар мешавад. Онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин содир мекунанд, ҳақ надоранд, ки ҳазорон нафар аз пасашон намоз гузоранд.




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *