Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Август
2022

Новости за 31.08.2022

Ozodi.org 

Мудири пешини Internews Манана Асламазян даргузашт

Собиқ мудири кулли Бунёди "Internews" ва барандаи ҷоизаи ТЭФИ Манана Асламазян дар Ереван даргузашт. Рӯзноманигор Виктор Мучник дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки Асламазян зери чархи мошин мондааст.

Ozodi.org 

Матраимов барои Идораи мусулмонон бино месозад

Сохтмони бинои нави Идораи мусалмонони Қирғизистонро Бунёди "Исмоил-Ота", ки он ба собиқ муовини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимов тааллуқ дорад, сармоягузорӣ мекунад.

Ozodi.org 

Тоҷикистон барои ҳифзи сирри давлатӣ 1,5 миллион доллар ҷудо кард

Тоҷикистон барои ҳимояти бештар аз сирри давлатӣ барномаи махсусеро то соли 2026 қабул карда, барои иҷрои он зиёда аз 15 миллион сомонӣ (1,5 миллион доллар) ҷудо кардаааст. Ин санадро Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 30-уми август ба нашр расонд.

Ozodi.org 

Чанд мансабдорро барои камбуди сӯзишвории дизелӣ танбеҳ додаанд

Ҳукумати Қазоқистон рӯзи 31-уми август дар пайи пеш омадани норасоии сӯзишвории дизелӣ дар минтақаҳои он кишвар "ба як қатор мансабдорони баландпоя"-и Вазорати энергетика ва ширкати "КазМунайГаз" танбеҳ додааст.

Ozodi.org 

Назарҳои ба ҳам зид аз Тоҷикистон ба мероси сиёсии Горбачев. ВИДЕО, САДО

Дар Тоҷикистон ба мероси сиёсии Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, назарҳои ба ҳам зид доранд. Бархе ӯро “симои бузурги таърихи ҷаҳон” медонанд, иддае мегӯянд, "бо сиёсатҳои ғалат” сабаби фурӯпошии як давлати аз назари онҳо “раиятпарвар” ва сар задани ҷангу ноамниҳо шуд.

Ozodi.org 

Давлат Худоназаров дар бораи Михаил Горбачев

Гуруҳе аз сиёсатмадорон Михаил Горбачёвро шахсияти фаротар аз Иттиҳоди Шӯравӣ, “шахсияти бузург дар таърихи инсоният медонанд”. Сиёсатмадори тоҷик Давлат Худоназаров ҳам ба ин фикр аст. Хулосаашро инҷо гӯш кунед.

Ozodi.org 

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба мероси Михаил Горбачёв

Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.

Ozodi.org 

Шарҳи номаи эътирозии Ҷейми Флай ба Эмомалӣ Раҳмон

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО), дар номае ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “аз мавҷи нави озору азият ва талошҳо барои монеагузорӣ ба кори хабарнигорони Радиои Озодӣ” эътироз баён кардааст.

Ozodi.org 

Даҳ медали варзишгарони навраси тоҷик дар "Ҷоми Шарқ" дар Фарғона

Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ “East Cup Stars Olympic” (“Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ”) дар шаҳри Фарғонаи Узбекистон 10 медал (1 нишони тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ягона медали тиллоро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ориёно Сафарова овард. Марям Шукурова, Ясмина Ҳамидова, София Турсунзода, Азиза Нурализода, Елизавета Стрелникова барои ҷойҳои дуюм бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Медалҳои биринҷиро Вазира Абдусатторова, Шукрона Саидова... Читать дальше...

Ozodi.org 

Номаи эътирозии Ҷейми Флай ба президент Эмомалӣ Раҳмон. ВИДЕО

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО), дар номае ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “аз мавҷи нави озору азият ва талошҳо барои монеагузорӣ ба кори хабарнигорони Радиои Озодӣ” эътироз баён кардааст.

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои соҳилӣ бе медал монданд

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои соҳилӣ, ки рӯзҳои 27-28-уми август дар шаҳри Бат-Ями Исроил баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ кард. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки аз рақобаҳои инфиродӣ ва дастаӣ иборат буд, варзишгарон аз Арманистон, Белгия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Қазоқистон, Марокаш, Молдова, Нидерланд, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, Фаронса ва Ҷумҳурии Доминикан иштирок доштанд. ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ду пулиси қирғиз барои таҷовузи духтари 13-сола зиндонӣ шуданд

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 30-юми август дар робита ба парвандаи пурсарусадои таҷовуз ба номуси як духтари 13-сола ҳукми худро эълом кард. Вакили дифои ҷабрдида Тимур Султонов гуфт, додгоҳ ду корманди пулисро 15-солӣ ва корманди "Дордой"-ро 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамчунин айбдоршудаҳо вазифадор шудаанд, ки 100-ҳазорсомӣ ҷуброн пардозанд. Ба гуфтаи вакил, волидони наврас аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд. Расонаҳои Қирғизистон қаблан навишта буданд, ки айбдоршавандаҳо духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Толибон бори дигар аз Душанбеву Тошканд хост, чархболҳоро баргардонанд

Намояндагони Толибон бори дигар аз Тоҷикистону Узбекистон хостанд, чархболҳоеро баргардонанд, ки моҳи августи соли 2021 ба ин ду кишвар бурда шудаанд. Ба иттилои “TOLO news”, Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, cарпарасти вазифаи вазири дифоъ дар ҳукумати Толибон рӯзи 29-уми август дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул аз бурда шудани чархболҳои МИ-17 ба ду кишвар ёдовар шудааст. Ба гуфтаи Муҷоҳид, чархболу ҳавопаймоҳои бурдашуда "моли мардуми Афғонистон ҳастанд". "Мегӯянд, амрикоиҳо иҷозат намедиҳанд, ки чархболҳоро ба Афғонистон баргардонанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Навалнийро дубора ба "ШИЗО" бурданд

Мухолифи зиндонии рус Алексей Навалний, ки дар маҳбаси Владимир нигаҳдорӣ мешавад, гуфт, дубора ба утоқи ҷаримавӣ интиқол дода шудааст. "Шумо механдед, вале ман боз дар "ШИЗО" (утоқи ҷаримавӣ дар зиндон) ҳастам. Шоми якшанбе маро аз инҷо берун бурданд ва нисфирӯзии душанбе боз баргардонданд. Вале дар ниҳоят фаҳмидам, ки чаро ман зиндонӣ шудам”,- гуфта шудааст дар хабаре, ки аз номи Навалний рузи сешанбе нашр шуд. Ба гуфтаи Навалний, иттифоқи касабаи маҳбусон, ки ӯ таъсис дод, хашми зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Михаил Горбачёв дар 91-солагӣ даргузашт. Вокунишҳои ҷаҳонӣ. АКС, ВИДЕО

Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, шаби гузашта дар 91-солагӣ дар Маскав даргузашт. Расонаҳои русӣ бо такя ба масъулони Бемористони марказии Маскав навиштанд, Горбачёв "пас аз як давраи дарози бемории сахт фавтид."




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *