Рӯзноманигор Аваз Юлдошев даргузашт
Рӯзноманигор Аваз Юлдошев рӯзи 9-уми феврал дар 62-солагӣ даргузашт.
Рӯзноманигор Аваз Юлдошев рӯзи 9-уми феврал дар 62-солагӣ даргузашт.
Ду сокини вилояти Андиҷони Узбекистон, ки ваъдаи расонидани баъзе аз сокинонро ба Амрико тавассути Мексика додаанд, дастгир шуданд.
Чин дар соли гузашта аз нигоҳи сармоягузорӣ дар Узбекистон мақоми аввалро гирифтааст.
Баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо дархости Радиои Озодӣ қазияи боздошти як мансабдори баландпояро дар вилояти Суғд шарҳ доданд. Лоиқ Урунзода, сардори шуъбаи Оҷонси хидмати давлатӣ дар вилояти Суғд, беш аз як моҳ боз дар боздошт аст. Додситонӣ ӯро ба "сохтакорӣ, қасди ҷиноят ва ғайриқонунӣ додани замин" гумонбар медонад.
Дар хиёбонҳои Кӯлоб шумори сагҳои дайду афзоиш ёфтааст ва сокинон аз ҳамлаи онҳо дар ташвишанд. Мақомоти шаҳр мегӯянд, ҳаққи безарар кардани ин сагонро надоранд ва аз тарафи дигар паноҳгоҳе барои ин ҷонварони бесоҳиб мавҷуд нест.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9-уми феврал хабар дод, ки блогер Батмакан Жолболдуеваро боздошт кардааст.
Манзили фаъоли маданӣ Буркутбой Носирхоновро дар шаҳри Сатпаеви вилояти Улитауи Қазоқистон бозҷӯӣ кардаанд.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, аз мақомаш барканор шудааст.
Порлумони Гурҷистон ҳайати ҳукумати нави ин кишварро ба раҳбарии Ираклӣ Кобахидзе тасдиқ кард.
Созмони "Freedom for Eurasia" (Озодӣ барои АвруОсиё) мегӯяд, фаъоли қарақалпоқистонӣ Наврӯзбой Менлибоевро бо ҳамсару тифли яксолааш дар боздоштгоҳи фурудгоҳи Варшава 12 соат бе обу хӯрок нигоҳ доштаанд.
Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, соли гузашта аз ҳисоби дороиҳои "Агроинвестбонк" зиёда аз 19 миллион сомонӣ амонати муштариёнро баргардондаанд.
Вазорати кор, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон тасмим дорад, барои занону духтарони хушунатдида паноҳгоҳи давлатӣ таъсис диҳад.
Хадамоти иҷро мегӯяд, дархости як ширкати литвонӣ барои рӯёндани 20 миллион доллар аз “Тоҷик Эйр” баргардонда шуд, чун ширкати тоҷикӣ феълан имкони пардохти ин маблағро надорад.
Мақомоти Исроил 71 фаластиниеро озод карданд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Навори Ғазза боздошт карда буданд. Миёни озодшудаҳо 19 зан низ ҳаст.
Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва узви зиндонии созмони "Мемориал", Баҳром Ҳамроев, гуфтааст, рӯзи 23-юми январ дар зиндони вилояти Владимири Русия латукӯб шуд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё, ки 12-уми январ дар Қатар оғоз ёфта буд, бо бозии ниҳоӣ 10-уми феврал ба поён мерасад.
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, нархи ҳаҷҷи умра аз Узбекистон барои набудани баъзе хизматрасониҳо, аз ҷумла, набудани хӯрок, арзонтар аст.
Дар шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягон духтар таҳсил намекунад. Дар ин бора Нусратулло Зокирзода, ректори донишкада 9-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Созмони байналхалқии Human Rights Watch (HRW) бори дигар мақомоти Қазоқистонро барои таъқиби танқидгарони ҳукумат маҳкум кард.
Аброр Мухтор Алӣ - блогери маъруфи узбекистонӣ ва чаҳор дӯсти ӯро рӯзи 6-уми феврал боздошт ва 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд.