Ҳуқуқи сагҳои бесоҳиби Кӯлобро кӣ ҳимоят мекунад?
Дар хиёбонҳои Кӯлоб шумори сагҳои дайду афзоиш ёфтааст ва сокинон аз ҳамлаи онҳо дар ташвишанд. Мақомоти шаҳр мегӯянд, ҳаққи безарар кардани ин сагонро надоранд ва аз тарафи дигар паноҳгоҳе барои ин ҷонварони бесоҳиб мавҷуд нест.