"Гурӯҳи 24" ҳукми Билол Қурбоналиевро "сиёсӣ" хонд
“Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, зиндонӣ шудани як узви фаъолашро дар Душанбе маҳкум кард.
“Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, зиндонӣ шудани як узви фаъолашро дар Душанбе маҳкум кард.
Ривоҷиддин Исмонови 52-сола ва Маҳмадрасул Насриддинови 29-сола аз ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон.
Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи амалиёту санҷиш дар сохтмону манзил ва анбору коргоҳҳои дигари муҳоҷирон дар Маскав садҳо мавриди қонуншиканиро ошкор карда, иддаеро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Дар Красноярск ба муҳоҷирон хидмати қарордодӣ пешниҳод шудааст. Санҷиш пас аз ҳамла ба “Крокус” сахттар шуд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суроғи ду нафаре рафтанд, ки мақомоти Русия онҳоро ба ҳамла ба маҷмаи консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав гумонбар дониста, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рад кард. Онҳо аз ҷамоати Золи Зари ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳастанд. Тафсилот дар видео.
Коршиносон мегӯянд, ҳамла ба толори “Крокус Сити”-и Маскав ва пайомадҳои он мушкилоти зиёдеро ошкор кард, ки мақомоти Тоҷикистон пештар нодида мегирифтанд. Чӣ мушкилиҳо? Мақомот дар Душанбе бояд аз ин воқеа чӣ дарс бигиранд?
Freedom House ё "Хонаи Озодӣ", қароргоҳаш дар Амрико, Тоҷикистонро яке аз ҳашт кишвари дорои "низоми мутамаркази худкома" номида, ба рушди демократия ва озодӣ дар ҷумҳурӣ баҳои пасттарин додааст.
Хонаи Озодӣ мегӯяд, Тоҷикистон яке аз 8 кишвари "худкомаи мутамаркази олам" аст.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ, ки рӯзҳои 11-16-уми апрел дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе узви "Гурӯҳи 24" Билол Қурбоналиевро ба даҳ сол зиндон маҳкум кардааст. Ҳукм дар охири моҳи феврали имсол содир шуда, Радиои Озодӣ тасдиқи онро рӯзи 11-уми апрел гирифт.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳовро, ки ба гуноҳи даст доштан дар қатли 22 узви як оила ва оташ задани ҷасади онҳо дар вилояти Хатлон ҳашт сол зиндонӣ шуда буд, "сабук" дониста, бозбинии онро талаб кардааст. Қарор рӯзи 9-уми апрел содир шуд.
Бахшида ба солгарди 30-юми оғози музокироти сулҳи тоҷикон таҳти сарпарастии Созмони Милал
Ибодулло Машрабов, ҳунарманди халқии Тоҷикистон, бархӯрдашро бо духтарони ҳунарпеша дуруст шумурдааст. Навори ин лаҳза чанд рӯз пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боис ба вокунишҳои тунди корбарон шуд.
Думаи давлатии Русия як роҳи гирифтани ҳаққи иқомат дар Русияро мушкилтар кард.
Пайвандон ва расонаҳои наздик ба гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" хабар доданд, ки се писар ва се набераи Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ин гуруҳ дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Ғазза, кушта шуданд. Исроил масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.
Кумаки башардӯстонаи Қирғизистон ба вилояти Атирауи Қазоқистон, ки ба далели обхезӣ дар он вазъи фавқулода эълом карданд, расидааст.