Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Февраль
2026

Новости за 06.02.2026

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон 200 зани хушунатдида қасди ҷони худ кардааст

Дар як соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз дусад зан қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд. Раиси Кумитаи занон Бунафша Файзиддинзода, ки рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарии солона бо рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, ин оморро ташвишовар ва ҳамзамон ҳосили хушунат ё зургӯйӣ дар оилаҳо хонд. Ӯ гуфт: “Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва мақомоти маҳаллӣ бо усули хона ба хона, деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо аҳолӣ кор мекунанд. Новобаста аз ин... Читать дальше...

Ozodi.org 

С.Муҳриддин изҳороти як моҳ пеши таблиғгарони Кремлинро "ҳангомаҷӯёна" номид

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаҳои ахири лафзии таблиғгарони сиёсатҳои Русия Александр Дугин ва Владимир Соловёвро ҷоҳталабӣ ё “амбитсияҳои шахсии чеҳраҳои расонаӣ” ва “назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо” номид.

Ozodi.org 

Тоҷикистон пайвастан ба созмонҳои БРИКС ва Авруосиёро “ҳатто дар сатҳи нозир баррасӣ намекунад”

Масъалаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва БРИКС ҳоло дар дастури кори сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор надорад ва баррасӣ намешавад. Чунин изҳоротро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон баён кард. Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар нишасти хабарие оид ба натиҷаҳои кори ВКХ дар соли 2025 гузориш медод, гуфт, “Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои узви иттиҳоди Авруосиё ва БРИКС дар доираи равобити дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкории танготанг... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мақомот аз дуздӣ ва изофанависӣ дар соҳаи барқ гуфтанд

Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта бо арзиши садҳо миллион сомонӣ дуздии барқро ошкор кардаанд. Ҳамчунин дар робита ба қонуншиканиҳо дар соҳаи энержӣ, нисбати садҳо корманди шабакаҳои тақсимоти барқ парвандаҳои маъмурӣ ва нисбати даҳҳо тани дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ozodi.org 

Тоҷикистон ба Ғазз кӯмак мефиристад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6 феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки кишвараш рӯзҳои наздик корвони ёриҳои башардӯстонаро ба мардуми ниёзманди Ғазза равон мекунад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, ин ёриҳо аз тариқи Ҷумҳурии Мисри Араб ба Ғазза расонида мешаванд. Вазири тоҷик ҳарчанд нагуфт, ки ин ёриҳо аз чӣ иборатанд, аммо зикр кард, ки Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои оғози низоъ дар Ғазза, ҷонибдори ҳалли сулҳомези ин низоъ буд ва ҳаст. Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2025 ҳам дар доираи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар пайи барфбории зиёд баста шуд

Бориши бошиддати барф ва фаромадани тарма ҳаракати нақлиётро махсусан дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ мушкилу хатарнок кардааст. Оҷонсии обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки дар пайи боришоти зиёд дар рӯзҳои 6-9 уми феврал дар роҳҳои самти шимоли кишвар хатари лағзиши тарма зиёд хоҳад буд. Ҳушдор дода шудааст, ки мусофирон ба хусус ҳангоми сафар ба минтақаҳои Майхура, Зиддеҳи Варзоб ва ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини ягона роҳи пулакӣ дар кишвар аст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар зиндонҳои Тоҷикистон 471 зан адои ҷазо мекунад

Дар Тоҷикистон 471 зан дар маҳбас қарор доранд ва ҳамроҳ бо онҳо 11 кӯдаки ноболиғашон низ дар зиндон нигаҳдорӣ мешаванд. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон чанд моҳ пеш ба дидори занони маҳбус дар зиндони Норак рафтанд ва мегӯянд, иҷрои хостаҳои ин занон, аз тавони Кумита ва салоҳияти онҳо берун аст. Бунафша Файзиддинзода, раиси ин ниҳод рӯзи 5 феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, онҳо тирамоҳи соли 2025 ба хабаргирии занони маҳбус дар зиндони занон воқеъ дар шаҳри Норак рафтаанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷикистон мехоҳад бо Чин низоми бераводид ҷорӣ кунад

Мақомоти Тоҷикистон масъалаи бекор кардани раводид ё визаро барои шаҳрвандони Чин баррасӣ доранд. Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, ин иқдом бо ҳадафи ҷалби бештари сайёҳон рӯи даст гирифта шудааст. Ба таъкиди мақомдори тоҷик, ҷорӣ шудани низоми бидуни раводид бо Чин метавонад ба рушди чанд бахши муҳими дигар ҳам дар кишвар мусоидат кунад. Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ осон кардани қоидаҳои равуоро яке аз роҳҳои асосии ҷалби хориҷиён ба кишвар хонд. Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *